Дидорбинии ҳимоятгарони марзу буми Ватан26-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рафти адои хизмати афсарону сарбозони қисми низомии қушунҳои сарҳадӣ, ки дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ воқеъ аст, огаҳӣ пайдо намуданд. Зимни сӯҳбат бо афсарону сарбозон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз тинҷию осудагии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳарф зада, таъкид дошт, ки бояд ҳар як фарзанди Тоҷикистон ин тинҷию осоиштагиро пос дошта, ба қадри заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат бирасанд, зеро барои соҳиб шудан ба ин неъмати ниҳоят барои мардуми Тоҷикистон арзишманд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳои зиёд карданд.
Дар охир ба қисми низомии мазкур тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.