Низоми раводид миёни Қазоқистон ва Бразилия бекор мешавад26-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Ҳукуматҳои Қазоқистон ва Бразилия дар бораи равуои шаҳрвандони ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар бидуни раводид созишномаеро ба имзо расониданд.
Зери ин созишнома Мухтор Тлеубердӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва Деметрио Буэно Карвало, сафири Бразилия дар шаҳри Остона имзо гузоштаанд. Бар пояи ин созишнома, шаҳрвандони Бразилия ва Қазоқистон метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд. Мухтор Тлеубердӣ гуфтааст, Қазоқистон ва Бразилия талош хоҳанд кард, ки созишномаи мазкурро то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро амалӣ кунанд. "Мо бовар дорем, ки барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома расмиёти дохилӣ сари вақт иҷро хоҳад шуд, то шаҳрвандони мо тавонанд бе раводид сафар намоянд", - иқтибос овардааст хабаргузории "Новости — Казахстан" аз суханронии Мухтор Тлеубердӣ. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 августи соли равон баргузор хоҳад шуд. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон соли гузашта эълон карда буд, ки шаҳрвандони 19 давлати дунё метавонанд, барои 15 рӯз бе раводид вориди ин кишвар шаванд. То 31 декабри соли 2017 шаҳрвандони Австралия, Венгрия, Италия, Монако, Белгия, Испания, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Малайзия, АМА, Сингапур, Бритониё, ИМА, Олмон, Фаронса, Финляндия, Швейтсария ва Ҷопон ҳаққи сафар бераводидро ба Қазоқистон доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.