Аз фаъолияти гуруҳи таблиғотӣ3-10-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Дар маҳаллаи Хатлон ҳайати гуруҳи таблиғотӣ бо роҳбарии раиси Комиссияи даъват ба сафи артиши миллӣ, узви КИ ҲХДТ дар в.Хатлон, муовини раиси шаҳр С.Қосимова, намояндагони Комиссарияти ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ бо падару модарон вохӯрӣ баргузор намуданд. Вохӯриро С.Қосимова кушода, ба истиқоматкунандагони маҳалла моҳияти даъвати наваскаронро ба шаҳрвандон фаҳмонида дод. Баъд аз он дар суханронии худ оиди иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хизматрасонии соҳаи коммуналӣ, ободонӣ ва кабудизоркунии маҳалла суханронӣ намуданд. Аз тарафи шаҳрвандон ба ҳайати Раёсати маҷлис саволҳо оиди имтиёз ба ҳайати оилаи наваскарон, таъмири бому тагхонаҳо ва барқарор намудани хати сайри нақлиёти мусофиркаш дода шуд. Ба саволҳо шахсони муттасадии соҳаҳои номбаршуда, ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Дар охир раиси маҳаллаи Хатлон Отаева Шарофат баромад намуда, аз номи истиқоматкунандагон ҳайати гуруҳи кориро бовар кунонид, ки шаҳрвандони маҳаллаи номбурда сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷону дил дастгирӣ намуда, баҳри ҳимояи марзу буми мамлакат ва тинҷиву амонӣ нақшаи сафарбаркунии наваскаронро ба сафи Артиши миллӣ сарбаландона иҷро менамоянд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.