Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҷилваи ҳусн

22-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 659 нафар
Назарҳо: 0
Ҷилваи ҳуснҶомеаи мутамаддинро бе нақши зан тасаввур кардан мумкин нест. Хушбахтона, бузургтарин ҳадафи ҳизбамон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки занони заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар як муҳлати кӯтоҳ дар ин самт корҳои намоён ва дастовардҳои назаррас ба даст омадааст.

Баъди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард, Ҳукумати Ҷумҳурӣ мавқеи занонро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб арзёбӣ намуд.

Хушбахтона бо шарофати ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти занони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрӯз дар кишвари мо кор бо занон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кӯмаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи тарбияи занону духтарон яке аз мавзӯҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст.

Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи комиссияи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкорию созандагӣ, омодагии ҷавондухтарон ба ҷодаи зиндагӣ озмуни «Ҷилваи ҳусн» баргузор гардид.

Ҷилваи ҳуснДар озмун ҷавондухтарон ва тарроҳони беҳтарини ноҳия аз нуҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд. Озмуни мазкур дар толори тарабхонаи «Дунё» баргузор гардид. Пеш аз оғози озмун дар саҳни тарабхона намоиши дастовардҳои занони ноҳия аз қабили кадбонугӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва кандакорӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар озмун зиёда аз 320 нафар ҷавондухтарон ва 12 нафар тарроҳони ноҳия иштирок намуданд. Ба 12 нафар тарроҳони беҳтарини ноҳия аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: