Амали аҳриманӣ дар шаҳри Нитса22-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 563 нафар
Назарҳо: 0
Чун терроризм ва ифротгароӣ вабои аср ва яке аз мушкилоти асосии имрӯза ҳисобида мешавад, давоми ду даҳсолаи ахир ва махсусан дар нимаи дуюми асри 20 ин падидаи хавфнок барои ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи коршиносон қарор гирифт. Бояд хотиррасон кунем, ки терроризм ва экстремизм дар ҳама давру замон буд, аммо дар асри 20 ва 21 зуҳуроти номатлуб дар қатори дигар масоил ба проблемаҳои ҷаҳонӣ ворид гардид. Аз ин рӯ, дар ин ҷода корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Коршиносон ва мақомотҳои зиддитеррористӣ ҳамаи самтҳои ин падидаро омӯхта ва сабабу омилҳо, чораҳои пешгирикунандаи терроризму экстремизмро дар дар амал тадбиқ намудаанд. Аммо бар замми ҳамаи чораҳои пешгирикунанда ва сабабу омилҳои ин зуҳурот, мутаассифона, садди роҳи ин гуна ҷиноятҳои аҳриманиро гирифта наметавонанд. Ё гирифта метавонанду намехоҳанд ин зуҳурот нест шавад. Мутаассифона, дар баробари давлатҳое, ки ҳақиқатан зидди ин зуҳурот мубориза мебаранд, баъзе кишварҳо, ки дар ташкилу сармоягузории онҳо саҳм доранд, намехоҳанд гурӯҳҳои террористӣ аз байн раванд.
Фошсозиҳои хадамоти махсус баёнгари он аст, ки баъзе давлатҳо гурӯҳҳои террористиро омода, таълим ва бо яроқу аслиҳа муҷаҳҳаз мекунанд. Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ баъзе ҳолатҳо ошкоро аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ пуштибонӣ мегарданд. Аксарияти амалҳои террористӣ, ки ба ислом рабт медиҳанд, дар асл, бозиҳои ҳамон пуштибонҳо мебошад, ки ҳадафашон бо ин роҳ амалисозии мақсадҳои ғаразноки худ аст. Аммо аз ин амали террористӣ дини мубини ислом доғдор мешавад. Аҷибаш ин аст, ки бисёре аз ин амалҳои террористӣ бо ҳамин мақсад аст, ки инро душманони баъзе давлатҳои исломӣ роҳандозӣ мекунанд. Хулоса, пушти амалҳои террористӣ муаммоҳои зиёд ниҳон аст, ки бадбахтона, аз ин сокинони бегуноҳ зарар мебинанд. Ташкилотҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, аз ҷониби ҳамон бозигарони саҳнаи сиёсӣ созмон ёфтаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шахсоне вомехӯранд, ки мафкураи танг доранд ва пешрафти илму технологияро қабул надоранд ё кӯр-кӯрона дар назди нимчамуллоҳои камсавод сабақ гирифтаанду аз асли дини мубини ислом огаҳӣ надоранд. Тоифаҳои дигари гурӯҳҳои террористӣ ин шахсони ҷинояткору нашъаманд мебошанд. Ё ҷавононе, ки фирефтаи ваъдаҳои дурӯғу бофтаи пайравони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мегарданд. Ҳодисае, ки дар шаҳри Нитсаи Фаронса рух дод, баёнгари он аст, ки террористон аз роҳи сиёҳи худ намегарданд ва бояд бо ин падида беамон мубориза бурд. Саволе ба миён меояд, чӣ тавр бо ин зуҳурот мубориза бурд, дар ҳоле, ки давлатҳои зидди ин падида муборизабаранда худ онҳоро сармоягузорӣ, пуштибонӣ ва ба ин роҳ тела медиҳанд. Террористи силоҳбадаст 84 нафарро кушт ва зиёда аз 40 тани дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ мебошанд. Тибқи иттилои расонаҳо аксарияти фавтидагон кӯдакон мебошанд. Амали нангинро кулли мардуми сайёра маҳкум карданд. Дар ин радиф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ ин амали ваҳшатнокро маҳкум намуда гуфтаанд, ки «Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад». Сокинони Фаронса бояд аз ҳукумати худ ва бародари калониашон гила кунанд. Чунки сабаби асосии афзоиши терроризм дар дунё маҳз ҳамин «бародари калонӣ» мебошад. Ҷамшеди Доро |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.