Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷазои таблиғи терроризм сангинтар шавад

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷазои таблиғи терроризм сангинтар шавад

30-06-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷазои таблиғи терроризм сангинтар шавадПорлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро, ки ба хотири таблиғ ва пуштибонии ошкоро аз терроризм ва эсктремизм ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад баррасӣ намуда, барои раъйдиҳӣ фиристод.

Дар ин бора сомонаи порлумони ин кишвар бо истинод ба яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур Улан Примов хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳ бо мақсади сангин кардани ҷазои терризми байналмилалӣ ва экстремизм, таблиғу пуштибонии ошкорои он, интиқоли ноболиғон ба минтақаҳои даргиру амалиёти низомӣ ва додани маълумоти бардурӯғ дар бораи амали террористӣ таҳия шудааст.

Бино бар иттилои расмӣ, ҳоло наздики 500 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла 122 зан ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҷангида, хабари кушта шудани наздики 40 танашон расидааст.

Хадамоти махсуси Қирғизистон ҳоло барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ миёни сокинони ин кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: