Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Дувоздаҳ соли интизорӣ»

«Дувоздаҳ соли интизорӣ»

21-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
«Дувоздаҳ соли интизорӣ»
Бо чунин унвон рӯзи 12 июли соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон рӯнамоии филми нави муассисаи давлатии «Суғдсинамо» баргузор гашт.

Толор пуропури тамошобинон буду боз ҳам ашхоси зиёде бо гулу гулдастаҳо вориди он мешуданд. Дар ин ҳамоиш чеҳраҳои шинохтаву ошнои зиёдеро дидан мумкин буд, кас бо ҷамъ шудани ин қадар фарҳангиён дар толори интизор мешуд, ки бояд ба намоиш чизи хубу дидание пешниҳод бигардад. Интизориҳо бе натиҷа набуд.

Филми «12 соли интизорӣ»-и Бахтиёр Каримовро, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба навор гирифта шудааст, миёни филмҳои солҳои охир ба наворгирифтаи тоҷикӣ яке аз беҳтаринҳо шумурдан мумкин аст. Ин андешаро чандин тамошобинон он рӯз баъди тамошо изҳор намуданд.

Нахуст дар ин филм, ки нисбати дигар киноҳои солҳои охир таҳияшуда сохтакорӣ дар бозӣ ва аксенти нодуруст дар овоздиҳии қаҳрамонони филм мушоҳида нагашта мавзӯи интихобшуда хеле ҳаётӣ ва мушкилоти рӯз буд. Дар интихоби ҳунармандон барои иҷрои нақшҳои марказӣ ҳам дастандаркорони филм муваффақ гаштаанд. Махсусан дар нақшҳои Фаришта-қаҳрамони марказӣ, падар ва бародари ӯ, хусур ва хушдоманаш бозии ҳунармандона, боварибахш ва хеле табииро дида кас ба андешае меояд, ки боз каме меҳнати дигар бо истифодаи мушовирони хуби забоншинос ва филми олиҷаноби тоҷикӣ метавон офарид. Барои чӣ боз каме заҳмат? Дар ин филми воқеан тарбиявӣ барои зиндагии хонаводаии мо, каме дар интихоби нақшҳои дуюму сеюмдараҷа бояд таваҷҷуҳ ба чеҳраҳои ориёӣ карда мешуд. Зеро ин филм дар доираҳои берун аз Тоҷикистон бояд симои тоҷикиеро ҳамчун Фаришта, падараш, хушдоманаш ва рафиқи шавҳарашро нишон бидиҳад, то моро аз дигар ҳамсояҳо фарқ карда тавонанд. Аммо, мутаассифона, ин ҷиҳати масъала камтар ба назар гирифта шудааст, ки он зуд ба чашм мерасад.

«Дувоздаҳ соли интизорӣ»Таҳмина Раҷабова дар нақши Фаришта бори дигар аз ҳунармандии хеш ва истеъдоди фитрии нақшофарияш дарак дод. Нақши ӯ дар ин филм шояд яке аз барҷастатарин ролҳои иҷрокардааш бошад, ки хеле табиӣ баромадааст. Забони гуфтораш нисбати ба нақшҳои пешин комилтар гаштаву самимияташ дар нақш хеле чашмрас аст. Шояд аз он ки Таҳмина аз рӯзгори қаҳрамонаш, аз дарди дили ӯ, аз зиндагии воқеии зани тоҷик, аз мушкилоти барвақт ба шавҳар додани духтарон, аз муносибати бади хушдоманҳо ба келин, аз бадбахтии бемаълумот мондану дар ҳаёт азоб кашидани бонувони тоҷик на аз адабиёт, балки аз ҳаёт огоҳ асту барояш иҷрои он чунин табиӣ баромадааст? Шояд ин маҳорати муаллиф Бахтиёр Каримову коргардон Муҳиддини Музаффар ё саҳми директори филм журналист Осим Орифпур аст, ки дар якҷоягӣ ба чунин муваффақият ноил гаштаанд.

Ба ҳар сурат, дар муқоиса ба киноҳои солҳои охир, ки пур аз хатоҳои забонӣ истифодаи нозарури шеваву лаҳҷаҳо ва талаффузи сохтакоронаи қаҳрамонон буданд, филми тозаэҷоди «12 соли интизорӣ» хеле муваффақ буд.

- Тайи чанд соли охир бори нахуст филми истеҳсоли худамонро мебинам, ки маро гирёнда тавонист. Баробари қаҳрамонон ранҷ кашидам, зимни тамошо ҳунармандон эҳсоси нафрату муҳаббатро дар ниҳодам ба ҷунбиш оварда тавонистанд, - мегӯяд шаҳрванди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Савринисо Юсуфова баъди тамошои филми мазкур.

Барои ман низ лаҳзаи хеле ҷолиби ин филм ҳамон саҳнаҳое буданд, ки Фаришта аз се орзуи дар дафтар сабткардааш аввал ишқашро, баъд касби интихобкардаашро ва дар охир ҳатто худашро хати бутлон мекашад. Яъне зиндагӣ ӯро маҷбур месозад, ки ба хотири падар, суботи оила, гапи мардум ва қабули ҷомеа аз азизтарин орзуҳояш даст бикашад. Ин аст тақдири аксар занони тоҷик ба хотири нигаҳдошти оила, ба хотири риояи расму ойинҳо, ба хотири эҳтироми волидон ба хотири айб нашудан дар ҷомеа.

Зимни намоиш борҳо тамошобинон каф кӯфтанд. Ба хотири иҷрои хеле ҳунармандонаи нақши хушдоман дар иҷрои Маҳпора Ёрова. Воқеан ин образи манфӣ ва симои воқеии аксари хушдоманҳо хеле ва хеле ҷозибанок бозида шуда нафрати беандозаи тамошобинро ба бадкориву бухлу ҳасад ва золимиву ноҳақӣ, бедор мекунад, ки аз бозёфтҳои пурарзиши ин филм аст.

Итминон дорем, ки тамошои он занони зиёдеро тарбия ва мардони зиёдеро дар мавриди тақдири духтарону тарбияи дурусти писарон ба андеша водор мекунад.

Қобили тазаккур аст, ки дар таҳияи филми «12 соли интизорӣ » саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси шарики расмӣ, махсус таъкид гардидааст.

Хушунати хонаводагӣ, ки мавзӯи марказии филми «12- соли интизорӣ» аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонун ҷиноят ҳисобида мешавад. Вале, мутаассифона ин доғи нангин дар рӯзгори хонаводагии мо ҳанӯз побарҷо буда, решакан кардани онро аз шуури одамон танҳо тавассути рушди маърифати оиладорӣ метавон ноил шуд. Дар филм ин мавзӯъ хеле барҷаста ба миён гузошта шуда, таъсирнокии асар барои мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ дастури муфидест.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: