Фаронсаву ИМА зидди ДИ омодагӣ мебинанд21-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Фаронса ва ИМА барои бо ҳам бомбаборон кардани мавзеъҳои созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Ироқ омодагӣ мебинанд.
Бино ба иттилои Мавҷи Олмон, Стефан Ле Фол, намояндаи ҳукумати Фаронса 20 июл дар суҳбат бо радиои France Info гуфтааст, ҳадафи ин зарбаҳо шаҳри Мосули Ироқ, яке аз минтақаҳои асосии ҷиҳодиёни созмони мазкур, қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи вай, Жан-Ив Ле Дриан, вазири мудофиаи Фаронса ҳоло дар ИМА ҳузур дошта, ҳамоҳангии зарбаҳо ба Мосулро баррасӣ менамояд. Қаблан Жан-Марк Эйро, вазири корҳои хориҷии Фаронса зимни суханрониаш зидди ДИ гуфт, бо намояндаи эътилофи низомии ба раҳбарии Амрико дар Вашингтон мулоқот кардааст. ДИ рӯзи 16 июл масъулияти амали террористӣ дар шаҳри Нитси Фаронсаро ба зимма гирифт. Бино ба гузориши созмони байнулмилалии иттилоот - SITE, ки маълумот дар бораи террористонро дар Интернет пайгирӣ мекунад, ҷиҳодиён гуфтаанд, ки ҳамлаи Нитсро як "сарбоз"-и онҳо дар посух ба даъвати ДИ барои ҳамла ба шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи зиддиисломӣ анҷом додааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.