Олланд: ба бозиҳои Евро-2016 хатар таҳдид мекунад29-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Франсуа Олланд, президенти Фаронса мегӯяд, ба баргузории мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо хатари ҳамлаҳои террористӣ таҳдид мекунад. Ин бозиҳо рӯзи ҷумъаи 10 июн оғоз мешаванд.
Аммо, ба гуфтаи вай, шаҳрвандон набояд аз чизе ҳарос дошта бошанд. Олланд дар суҳбат бо Радиои Фаронса гуфтааст, ки барои таъмини амният ҳангоми баргузории бозиҳои футбол дар 10 шаҳр 90 ҳазор кормандони хадамоти амниятӣ сафарбар хоҳад шуд. Баъди ҳамлаҳои моҳи ноябри Порис то ҳол дар Фаронса хатар дар сатҳи олӣ боқӣ мондааст. Қаблан созмони террористии "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар бештари кишварҳо манъ аст, аз ҳамаи пайравони худ дар саросари олам даъват кард, то дар моҳи Рамазон фаъол бошанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.