Натиҷагирӣ аз аъмоли созандаи фаъолони ҳизб19-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 18 июл дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич маҷлиси ҷамъбасти нимсолаи аввали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар соли 2016 баргузор гардид.
Дар маҷлис Раиси Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов ва Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова ширкат варзида, иштирокчиёни он аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия, вакилон ва фаъолони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо буданд. Ҳисобот оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич барои нимсолаи аввали соли 2016 шунида шуда, доир ба фаъолияти босамари худ вакил аз ҳавзаи интихоботии «Хуштоири Мухлон» №6 Самад Мамадиев, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ёрии иҷтимоӣ» Лутфинисо Солиева ва аъзои фаъоли Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Бунафша Қутбиддинова маърӯзаҳо намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Деваштич Комрон Исмоилов доир ба интизоми ҳизбӣ, рафти иҷроиши обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар масоили вобаста ба корҳои ҳизбӣ маърӯза намуда, баён дошт, ки амалҳои созандаву иқдомҳои шоистаи ҳар як узви ҳизб боиси ифтихор буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ вазифаи муқаддаси ҳизбиён аст ва таъмини амнияти милливу давлатӣ, пойдории Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар маҳз аз ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти таблиғи ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд А.Сангинов баромади пурмуҳтаво намуда, аз фаъолияти самараноки ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати дар ноҳияи Деваштич татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву барои рушди устувори иқтисодӣ нигаронидашудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки имрӯз давлату Ҳукумат ба нерӯи тавонои ҷавонони некдилу созанда такя намуда, барои густурда намудани иқдому ҳадафҳои бунёдкоронаи онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам оварда истодааст, ки ин пеш аз ҳама аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дорад. Бинобар он, аз ҳозирин даъват ба бор оварда шуд, ки барои дар руҳияи худогоҳиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ҷавонмардӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон беш аз пеш саҳмгузор бошанд. Сипас, Муовини Раиси ноҳияи Р.Каримова ба сухан баромада, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолие, ки дар ноҳия тариқи меҳнати содиқона ва бо эҳсоси баланди ифтихори ватандориву меҳанпарастии сокинону аъзои ҳизб ба даст омадаанд, мисолҳои равшан оварда, ин дастовардҳоро бо дастовардҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ муқоиса намуд ва зикр шуд, ки онҳо тамоюли рушд ва беҳбудӣ гардида, нишонаи роҳандозӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумат мебошанд, ки аз ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Махсусан мавриди қайд гардид, ки худ як сохтмони хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой ин барои тамоми сокинони диёр як дастоварди бузурги таърихие буда, амалишавии орзую ормонҳои даҳсолаҳои онҳо аст ва маҳз бо дастгирии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳоли бунёд буда, тамоми сокинони диёрро низ месазад, ки чунин бузургтарин бунёдкориро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, саҳми арзандаи хешро гузоранд. Дар хотимаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич барои нимсолаи дуввуми соли 2016 тасдиқ карда шуд ва ба чанд нафар фаъолони ноҳия барои аъмоли созандаашон Сипосномаҳои НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.