Мулоқот дар Деваштич19-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич ситоди ноҳиявӣ бо иштироки Анвар Ҷалилов Муовини якуми Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вакилон ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барузор гардид. Ҷаласаи мазкурро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов ифтитоҳ намуда, оид ба пешравию дастовардҳои ҳизб ба ҳамагон иттилоъ дод. Дар ҷаласа Муовини аввали раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов баромад намуда, доир ба омӯзиши китоби нодиру гаронбаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки инъикоскунандаи таърихи дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик мебошад, маълумот дод. Махсусан қайд гардид, ки омӯзиши китоби мазкур дар доираи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рамзӣ буда, баҳри тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардумӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аҳамияти хоса дорад.
Инчунин бобати ҷоннок кардани кори гуруҳи вакилон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия, густурдатар намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати фаҳмонидани пешравиҳои ҳизбӣ дар байни мардум, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманду бонувон ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муташаккилона гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои муфид дода, барои иштироки сарҷамъу фаъолонаи масъулин дар раъйпурсии умумихалқӣ миннатдории худро баён карданд. Дар хотима, аз ҷониби Раиси гуруҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич Зебӣ Азимова ба Анвар Расулович аз номи иштирокчиён изҳори сипосмандӣ карда, бовар кунонид, ки иҷрои дастуру нишондодҳои Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фармоишоту нақшаҳои Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастоварди арзандаи фаъолони ҳизбии ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидаи маъракаҳои басо муҳими сиёсӣ Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.