Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешвои миллат, ва рушди соҳаи тандурустӣ

Пешвои миллат, ва рушди соҳаи тандурустӣ

18-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат, ва рушди соҳаи тандурустӣ
«Миллати солим – боигарии кишвар аст».
Эмомалӣ Раҳмон


Рушди тандурустӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст. Маблағгузории кофӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, шабакаи муассисаҳои табобатӣ-профилактикии замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосири технологияи пешрафтаи ташхискунонӣ (диагностикӣ) ва табобатӣ муҷаҳҳазшуда дар шумори омилҳои асосӣ қарор доранд.

Тандурустии миллат бо нишондодҳои муҳимтарини зерин – дарозумрии аҳолӣ, маъюбӣ ва вафот муайян карда мешавад. Ин нишондиҳандаҳо дар 10 соли охир хеле беҳбуд ёфтаанд. Агар дар соли 2005 дарозумрии (ҳисоби миёнаи умри) мардон 68,1 ва занон 70,6 солро ташкил медод, пас дар соли 2015 мутаносибан 72,8 ва 74,2 солро дар бар гирифт. То соли 2030 ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар Тоҷикистон 80 солро ташкил хоҳад дод. Дараҷаи умумии бемориҳо барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ аз 36,5 % то 31,8% коҳиш ёфта, нишондиҳандаи вафот ба сари ҳар 1000 нафар аз 4,5% то 3,3% поён рафт. Барои мисол дарозумрии миёнаи аҳолии Россия 70-72 солро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки ҳолати саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоили муайяни беҳбудӣ ёфта, аз лиҳози бисёр нишондиҳандаҳо дар миёни кишварҳои ИДМ бартарӣ дорад.

Агар дараҷаи тайёр намудани мутахассисон дар тайи солҳои охир мавриди баррасӣ қарор дода шавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки мо дар ин бахш ба дастовардҳои бузург ноил гаштаем. Худи ҳамин сол Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғара таъсис ёфт, ки барои пурра таъмин намудани соҳа бо мутахассисони баландихтисос кӯмаки калон хоҳад кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳои тиб таъсис ёфт, ки дар сохтораш 15 пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5 нафар академик ва 8 нафар узви вобаста фаъолият доранд.

Дар соҳаи тандурустӣ ҳоло 169 нафар доктори илмҳо, профессорон ва 595 номзади илмҳо кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тамоми мутахассисони илмӣ бо пуштибонии Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Федератсияи Россия соҳибунвон гардидаанд. Мутахассисон-духтуроне, ки дар Донишгоҳи тиббии мо тайёр карда шудаанд, аз лиҳози дараҷаи донишу таҷриба дар ҳеҷ сурат аз мутахассисони дигар кишварҳо камӣ надоранд. Ба ин гуфта он чиз шоҳид аст, ки бисёр духтуронамон имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ (Яман, Сурия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Россия Украина, Белорус ва ғайра) кору фаъолият доранд. Бо ифтихор зикр менамоем, ки ними ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи тиббии Уляновски Россия хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббии мо ба шумор мераванд.

Олимони соҳаи тибби моро ба конгрессҳои умумиҷаҳонӣ на танҳо ба сифати баромадкунандагон, балки ба ҳайси раисони ин ҳамоишҳо даъват менамоянд. Ба ин гуфта мисоли беҳтарин таҳқиқоти ҳамҷояи микроҷарроҳон, гастроэнтерологҳо, кардиологҳо, кардиоҷарроҳони мо бо мутахассисони Россия, Германия, Англия, Япония, Эрон ва ғайра ба шумор меравад.

Дар солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои калони табобатии шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва баъзе ноҳияҳо бо компютерҳо ва томографҳои магниторезонансии замонавӣ амалан таъмин карда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир дар баъзе муассисаҳои илмии кишварамон диагностикаи геннавии (ташхиси геннавӣ) бисёр бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатитҳои вирусӣ амалӣ карда мешавад. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо барои муоинаи ҷавонон – ҳамсарони оянда марказҳои генетикӣ таъсис ёфтаанд. Марказҳои ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард ва кардиологӣ бо таҷҳизоти муосири ангиографӣ ҷиҳати ташхис ва табобати бемориҳои вазнин муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки арзиши ҳар яке бештар аз 1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба шарофати ин амал ҷарроҳиҳои мураккаби дил бо таҷҳизоти аз лиҳози технологӣ баланд имконпазир гардид. Марказҳои табобати чашм бо таҷҳизоти замонавии лазерӣ ва ултросадоӣ, ҷиҳати табобати ретинопатияи диабетӣ ва глаукома муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Тибқи маълумоти омор ҳар сол дар ҷаҳон аз иғмои (кома) ҷигар ва хунравии сурхрӯда дар ҳолати сирроз аз 86, 5 то 90 % беморон вафот мекунанд. Дар айни замон дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои беназири табобати ин бемориҳо коркард ва бо шаҳодатномаи патентӣ тасдиқ кунонда шудааст. Барои мисол соли 2015 аз 50 беморе, ки ба клиника бо иғмо ва хунравии ҷигар муроҷиат карданд, 46 нафарашон табобат ёфтанд.

Сохтмони бинои нави Пажӯҳишгоҳи гастронтерологӣ бо таъкиди шахсии Сарвари давлат анҷом пазируфт.

Солҳои охир дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон марказҳои кардиологӣ ва онкологӣ мавриди истифода гирифта, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе касалхонаи муосиртарини дорои 650 кат ба истифода дода шуд, ки дорои таҷҳизоти технологияи муосир мебошад.

Дар айни замон тибби хусусӣ бо суръати баланд рушд меёбад. Бисёр муассисаҳои хусусӣ дорои томографияҳои компютерии замонавӣ буда, амалиётҳои эндоҷарроҳӣ мегузаронанд. Аксари бемориҳои ҷиддӣ дар кишвар ташхис карда шуда, бомуваффақият табобат меёбанд. Амалан, шумораи бисёр ками беморон барои ташхис ва табобат ба хориҷа мераванд.

Афсӯс, ки баъзе духтурони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, бинобар бехабар буданашон аз рушди кунунии соҳаи тиб дар Тоҷикистон нисбати ин бахш дар ҷумҳуриамон назари ғайривоқеӣ доранд. Онҳо хабар надоранд, чандин сол боз дар мамлакати мо ҷарроҳиҳои душвортарини травматологӣ ва ортопедӣ, ба шумули шинондани банду буғумҳо, аз ҷумла банду буғуми кос амалӣ карда мешавад. Чунин ҷарроҳиҳоро бе мавҷуд будани технологияи навтарин ва мутахассисони варзидаи тиб амалӣ кардан имкон надорад.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки бисёр духтурони тоҷик, ки дар клиникаҳои номдори Россия кор мекунанд, хатмкардаҳои замони соҳибистиқлолии Донишгоҳи тиббии мо мебошанд.

Чанде пеш Президенти собиқи Академияи илмҳои тиббии Росия, ҳоло директори Маркази илмии онкологӣ академик М. Давидов ба хадамоти онкологии кишварамон баҳои баланд дода буд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар Тоҷикистон нахустин шуда дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шинондани гурдаву ҷигар муваффақ шуда, Маркази миллии илмӣ оид ба шинондани узвҳову бофтаҳои инсон таъсис ёфтааст. То кунун бештар аз 224 (212 пайванди гурда ва 12 пайванди ҷигар) ҷарроҳӣ гузаронида шуда, дар айни замон амалӣ намудани ҷарроҳиҳои душвор – шинондани мағзи устухон ба нақша гирифта шудааст. Беморҳо ҷиҳати шинондани гурда ба назди мо аз Қирғизистон ва Афғонистон муроҷиат мекунанд.

Нахустин бор дар Осиёи Марказӣ дар кишвари мо табобати ҳуҷайраҳои бунёдии беморони вазнини бемориҳои дилу ҷигар амалӣ карда шуд. Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озмоишгоҳи махсуси масъалаҳои табобати ҳуҷайраҳои бунёдӣ таъсис ёфтааст.

Дар айни замон бо ташаббуси Вазорати тандурустии кишвар аз тариқи Хазинаи кулли (Глобалӣ) озмоишгоҳи вирусологӣ ба фаъолият пардохт, ки назираш дар ягон кишвари пасошӯравӣ дида намешавад.

Ба шарофати гуфтушуниди муваффақона бо истеҳсолкунандагони ҷаҳонии адвияи нанотехнологӣ чандин сол аст, ки Вазорати тандурустӣ адвияи табобатии гаронбаҳоро, ки миллионҳо доллари амрикоӣ арзиш доранд, барои табобати бемориҳои гепатити В ва С ба тариқи ёрии башардӯстона дастрас менамояд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба истифодаи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва таҳия намудани доруҳо дар асоси онҳо барои тибби муосир эҳё гардид.

Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Ба шарофати фаъолияти баланди бахши беморхонаҳо паҳншавии бемории сил дар кишвар ба таври назаррас кам гардидааст.

Дар айни замон бештар аз 20 барнома ва ояндабиниҳо, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар доир ба бахшҳои гуногуни тиб тасдиқ гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир бозсозии тандурустии Тоҷикистон фаъолона амалӣ карда мешавад, ки моҳияти он ба пурқувват гардонидани ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ нигаронида шудааст, яъне ба бахшҳои аввалияи тандурустӣ диққати махсус дода хоҳад шуд. Барои хадамоти мазкур духтурони махсус – духтурони дорои таҷрибаи умумӣ ё духтурони оилавӣ лозим ҳастанд.

Ба ин муносибат бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ чандин сол боз «Корвони саломатӣ» амал мекунад, ки дар ҳайати он сармутахассисони ғайриштатии вазорат, академикҳо, профессорон, мутахассисони пешбари тамоми бахшҳои тандурустӣ шомил мебошанд. «Корвони саломатӣ» ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, қабул ва табобати беморон, семинарҳои махсуси илмӣ-амалиро барои духтурони оилавӣ роҳандозӣ намуд.

Бо мақсади тақвият бахшидани бахши аввалияи тандурустӣ солҳои охир дар бисёр ноҳияҳои дурдаст – Рашт, Лахш, Нуробод ва ғайра касалхонаҳои замонавӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бо дастгоҳҳои эндоскопӣ ва ултрасадоӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Тандурустӣ дар кишвари мо ҳоло низ дорои бисёр масъалаҳои ҳалнашуда мебошад. Дар солҳои истиқлолият маблағгузорӣ қариб сад маротиба зиёд шуда бошад ҳам, ҳоло низ барои ин соҳа кифоят намекунад ва тавре маълум аст, ҳеҷ як давлати дунё тамоми масрафи тандурустиро пурра ба уҳда гирифта наметавонад.

Агар аҳолии кишвар тарзи солими ҳаётро наомӯзад, ҳеҷ гуна саъю талоши тандурустӣ ба муваффақият ноил нахоҳанд шуд. Танҳо бо муносибати солим ба масъалаҳои тандурустӣ ва саъю талоши якҷоя мо метавонем комёб гардем.
Ғиёсуддин Мироҷов, Академики АИ ва АИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: