Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нерӯҳои ҳавоии Ӯзбекистон соҳиби 16 чархболи нав шуд

Нерӯҳои ҳавоии Ӯзбекистон соҳиби 16 чархболи нав шуд

18-07-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Нерӯҳои ҳавоии Ӯзбекистон соҳиби 16 чархболи нав шудНерӯҳои ҳавоии Ӯзбекистон соҳиби чархболҳои AS 332 (H225) Super Puma ва AS 350 Ecureil шуд. Дар ин бора сомонаи kun.uz иттилоъ додааст.

Ӯзбекистон бо ширкати Airbus Helicopters барои харидории 8 чархболи борбари AS 332 (H225-и муосир) ва 8 чархболи мусофирбари AS 350 Ecureil соли 2013 шартномаеро имзо карда буд.

Тобистони соли 2014 Airbus Helicopters ду чархболи AS 350 Ecureil-и ғайринизомиро дастраси мақомоти Ӯзбекистон намуда, боқиро то ибтидои соли равон ба ин кишвар интиқол дод. Бояд гуфт, Airbus охирҳои моҳи апрел низ ба Ӯзбекистон чаҳор ҳавопаймои низомии C295W ҳам дод.

Бино ба иттилои сомонаи Global Firepower, Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон 420 танк, 166 ҳавопаймо, 715 мошини хушкигарди ҷангӣ, 143 худрав, 880 тӯп ва 109 системаи оташандоз дорад. Буҷаи низомии Ӯзбекистон солона 70 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: