Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пулиси Истамбул дастури сарнагун кардани чархболҳоро дод

Пулиси Истамбул дастури сарнагун кардани чархболҳоро дод

18-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Пулиси Истамбул дастури сарнагун кардани чархболҳоро додМустафо Калискан, сардори пулиси Истамбул ба зердастонаш дастур дод, ҳар чархболеро, ки дар болои шаҳр бидуни иҷозат парвоз мекунад, бе огоҳӣ сарнагун кунанд.

Аз дигар минтақаҳои кишвар барои муҳофизати Истамбул 1800 нерӯи вижа фиристода шудааст. Дар ин бора хабаргузории Anadolu иттилоъ медиҳад.

Шаби шанбе чанде аз зерсохторҳои низомии Туркия талош карданд, ки дар ин кишвар табаддулоти давлатӣ амалӣ кунанд. Дар натиҷаи бетартибиҳо 290 шаҳрванд кушта шуд. Бо гумони даст доштан дар ин табаддулот наздики 6 ҳазор низомиву судя боздошт шудааст.

Дар миёни боздоштшудаҳо - фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ Акин Озтурк, ки се мансабдори баландмақом аз ӯ ҳамчун яке аз ташкилкунандагони табаддулот ном бурданд, генерал Бекир Эркан Ван - фармондеҳи пойгоҳи НАТО дар Инҷирлик ҳам ҳастанд. Мушовири асосии низомии Эрдуғон Алӣ Язиҷӣ ҳам боздошт шудааст.

Мақомоти Туркия руҳонии фирории турк Фатҳулло Гулонро, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ин табаддулот айбдор мекунанд. Гулен мегӯяд, дар табаддулоти давлатӣ даст надорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: