Президенти Туркия дар фикри баргардонидани ҳукми қатл аст18-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия баргардонидани ҳукми қатлро аз эҳтимол дур намедонад. Вай рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки ин масъаларо бо ҳизбҳои мухолиф баррасӣ хоҳад кард. (Ҳукми қатл дар Туркия соли 2004 бекор шуд. Он замон кишвар талош дошт, ки шомили Иттиҳоди Аврупо гардад.)
Набояд талаби мардумро рад кард, гуфтааст президент. Гуруҳе аз мардум дар Истамбул назди манзили вай ҷамъ шуда, даъват кардаанд, ки табаддулотчиён қатл шаванд. Эрдуғон дубора аз мардум хостааст, то ба майдони марказии шаҳр бароянд ва ҷонибдориашонро аз ҳукумати қонунӣ баён кунанд. Вай бори дигар руҳонии фирории турк Фатҳулло Гулонро, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ин табаддулот айбдор кард. Гулен мегӯяд, дар табаддулоти давлатӣ даст надорад ва омода аст, дар сурате, ки додгоҳи Амрико истирдодашро содир кунад, аз ин ҳукм итоат намояд. Рӯзи якшанбе миёни нерӯҳои амниятӣ ва нерӯҳои боқимондаи табаддулотгар дар фурудгоҳи Собиҳа Гюлчани Истамбул ва пойгоҳи нерӯҳои ҳавоӣ дар вилояти Қуния даргирӣ рух дод. Дар амалиёти зидди гумонбарони табаддулоти давлатӣ аллакай 6 ҳазор низомӣ ва судя ҳабс шудааст. Дар миёни боздоштшудаҳо - фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ Акин Озтурк, ки се мансабдори баландмақом аз ӯ ҳамчун яке аз ташкилкунандагони табаддулот ном буданд, генерал Бекир Эркан Ван - фармондеҳи пойгоҳи НАТО дар Инҷирлик ҳам ҳастанд. Мушовири асосии низомии Эрдуғон Алӣ Язиҷӣ ҳам боздошт шудааст. Тибқи иттилои охирин, шумори кушташудаҳо зимни табаддулоти нокоми шаби 16 июл ба бештар аз 290 нафар расидааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.