Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизбиёни сарзамини Ёвон низ ободкору созандаанд

Ҳизбиёни сарзамини Ёвон низ ободкору созандаанд

16-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизбиёни сарзамини Ёвон низ ободкору созандаандИмсол дар таърихи навини давлатдории тоҷикон боз як рӯйдоди назаррас, ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар умқи таърих навишта мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо Пешвои муаззами худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қарни 21 бо руҳияи ободкориву созандагӣ ва эътиқоду боварии зиёд қадам мегузоранд.

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамарӯза корҳои ободонию кабудизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳияи Ёвон идома дорад.

Дар моҳи августи соли равон ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ ба ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Дар сафари навбатии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, барои оғози фаъолияти як қатор корхонаҳои азими саноатӣ ҳусни оғоз мебахшад.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ёвон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳамарӯза шанбегиҳо доир карда мешавад.

Ҳизбиёни сарзамини Ёвон низ ободкору созандаандАз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва дастгирии раиси ноҳияи Ёвон дар ноҳия «даҳ рӯзи ободонию созандагӣ» эълон гардида, ҳамарӯза аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегиҳо дар шоҳроҳи роҳи оҳан ва талу теппаҳо баргузор гардида истодааст.

Дар шанбегии мазкур аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, аҳли коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникӣ, муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия якдилонаву сарҷамъона иштирок намуда, дар мавзеъҳои муайянгардида шанбегӣ мегузаронанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: