Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати панҷум

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати панҷум

15-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати панҷум
Дар маҷлисгоҳ Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иҷлосияи ҳафтуми, даъвати панҷум баргузор гардид. Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам иҷлосияро ифтитоҳ намуда масъалаҳои дар иҷлосия баррасишавандаро ба саҳми ҳамагон расонид.

Аз рӯйи масъалаи дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2009, таҳти №373 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018» дар ноҳия Рафоат Каримова баромад намуда, қайд намуд, ки барои рушди минбаъда ва такмили кори бойгонӣ, баланд бардоштани накши ҷамъиятию сиёсии соҳа, ҷиҳати такмили фаъолият, ҷори намудани технологияҳои иттилоотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии бойгонӣ сухан кард.

Мудири шуъбаи бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Абдумавлон Додобоев низ баромад карда дар бораи анҷом додани беҳбудии ҳолати физикии ҳуҷҷатҳо, барои ба шакли электронӣ гузаронидани онҳо, таъсис додани барномаҳои компютерӣ, барои тадбирҳои заруриро андешидан маслиҳатҳо дод.

Прокурори ноҳия Талбакзода Дилшод доир ба вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷинояткорӣ дар ҳудуди ноҳияи Деваштич дар давраи якуми нимаи соли 2016 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иттилоъ дод, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия тамоюли камшавиро дошта, 25,2%-ро ташкил медиҳад ва дар ин давра 92 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 100%-и онҳо кушода шудаанд. Сабаби кам шудани шумораи ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро асосан аз пӯрзур гардидани фаъолияти пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён дошт.

Зебӣ Азимова, раиси гуруҳи вакилӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои вазъи оила ва занон, пешгирии хушунат дар оила ахборот дода, бобати беҳдошти фаъолият дар ин самт, оид ба корҳои тарғиботии баанҷомдодашуда муфассал иттилоъ дод.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати панҷум
Дар охири иҷлосия қарори Раиси ноҳия барои номгузории муассисаи таълимии №47 деҳаи Басманда ба номи Миршароб Комилов ва муассисаи таълимии №34 деҳаи Офтобрӯ ба номи Карим Ҳалимов баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: