Иқдоми неки бунёдкорӣ14-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, ки кишвари мо дар марҳилаи нави давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта, роҳ ба сӯйи ободиву созандагӣ ва ислоҳоти куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа пеш гирифтааст, дастгириву ҳиссагузории фаъолону шахсони саховатманду соҳибкорон низ барои расидан ба мақсадҳои олии мамлакати хеш басо муҳим мебошад. Зеро ватанро на як ё ду шахс ободу пешрафта месозад, балки ҳама дар якҷоягӣ барои рушди босуботи кишвар бояд саҳмгузор бошанд ва камари ҳиммат банданд.Чи тавре, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи маорифи мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди соҳаи мазкур ва муҳайё сохтани шароитҳои мусоидро ба таҳсилгирандагон яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумат медонанд, дар ноҳияи Деваштич низ ин ташаббусу ғамхориҳои Сарвари давлат ҳамеша дар мадди назар ва мавриди дастгирианд. Дар арафаи 25-солагии Истиқлолият дар ноҳия чандин иншоотҳои муҳими соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, китобхона ва беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуданд, ки яке аз мисолҳои равшани он – ин бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ғамхорӣ ба насли наврас ва ташаббуси омӯзгорону фаъолон ва саховатмандони деҳаи Демнораи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёд гардидани ду синфхонаи иловагӣ барои 50 нафар дар муассисаи таълимии №52 мебошад. Синфхонаҳои иловагӣ бо маблағи 60000 сомонӣ тариқи ҳашар бунёд ва муҷаҳҳаз гардида, роҳбарии сохтмони мазкурро Бӯта Бӯтаев ва Зоир Эркаев бар зимма доштанд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар арафаи соли хониши 2016-2017 барои толибилмон туҳфаи арзанда буда, аз ин иқдоми неку хайрхоҳонаи чунин шахсон хонандагони муассисаи мазкур басо хушҳол буда, чунин анъанаи бунёдкорӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, ободкориву созандагӣ тарбия намудани насли наврас такони ҷиддие хоҳад бахшид.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.