Натиҷагирӣ аз фаъолият14-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Ин ҷаласа ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2016 бахшида шуда, чаҳор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори маҷлис Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов, кормандони дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ, раисон ва масъулони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов маҷлисро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос кард. Аз рӯи масъалаи аввал «Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоятӣ барои нимсолаи якуми соли 2016» муовини Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Анвар Ҷалилов маърӯза кард. Вай аз пешравиву дастовард, дар баробари ин аз камбудиҳои кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуд. Баъди ироаи маърӯза Раиси КИВ аз масъулон ҳалли саривақтии муаммову мушкилоти ҷойдоштаро талаб кард. Инчунин, дар қисмати музокиравӣ, раисони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ суханронӣ намуданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Сарфароз Юнусов суханронӣ намуд. Тибқи он ба рӯйхати аъзоёни КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тағйирот ворид карда шуд. Ҳамзамон нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 тасдиқ гардид. Дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд як қатор масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тоҷибой Султонӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят фаъолияти ҳизбиёни вилоятро дар амалӣ сохтани сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас хонд. Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов низ қайд намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо фаъолияти густурда миёни дигар кумитаҳои иҷроияи кишвар намуна аст. Мавсуф барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба масъулин супоришҳои мушаххас дод ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳизбиёни вилоят барои иҷрои ин рисолати бузург потенсиали кофӣ доранд. Дар интиҳои маҷлис барои фаъолияти ибратбахш ва намунавӣ ба кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан ва Ашт тӯҳфаҳои арзишноки КИМ ҲХДТ супорида шуд. Дар Маҷмуъ, фаъолияти нимсолаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қаноъатбахш арзёбӣ гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.