Мулоқоти судманд12-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони дастгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати Муҷун» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Мудири шӯъбаи таблиғоту иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев ширкат варзида, дар сароғози мулоқот аз ҳуҷраи ташкилоти ҳизбӣ ва ҳуҷҷатнигорию маводҳои ҷойдошта дидан намуда, ба масъулини ҳизбӣ тавсияву таклифҳои хешро баҳри ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ пешниҳод кард. Сипас, дар рафти мулоқот Мудири шӯъбаи таблиғоту иттилоот Ф.Ҳоҷиев баромад намуда, риоя ва иҷрои муқарраротҳои оинномавӣ ва низомномавии ҳизбро асоси фаъолияти масъулин баён дошт. Инчунин қайд намуд, ки фаъолони ҳизб бояд тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳоваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таҳким ва тақвият бахшидани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор диҳанд. Инчунин ишора бар он намуд, ки ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст барои пешравии кишвари хеш саҳми худро гузорад. Масъули ташкилоти ибтидоии ҳизб Комилҷон Мамиров аз ташрифи меҳмон ибрози хушнудӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои созандаро қабул намуда, тарғиби ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, ба пуррагӣ қабул намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.