Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ

Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ

5-07-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ2 июл бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб ҳамоиши намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон доир шуд.

Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) аз соли 1995 ин ҷониб таҷлил мегардад.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар (АЖРВТ) аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, хабарнигоронро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, зикр намуд, ки "созмони мо, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, соли 2011 ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АIPS) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.”

Ҳамзамон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо барои кори пурмаҳсулашон дар ташвиқу тарғиби варзиш, ҳаракати олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд: "умедворем ҳамкории мо минбаъд ҳам пурмаҳсул идома хоҳад кард.”

Баъдан Б.Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.

Ӯ зикр намуд, ки ҳоло варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Варзишгари машҳур гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар ин Олимпиадаро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Анвар барои сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ
Роҳхати панҷумро ба Олимпиадаи Рио-2016 даванда Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек доир гашт, ба даст овард. Ӯ масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри литсензияи олимпиро иҷро кард.

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнбардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

Дар ҷараёни мулоқот хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хабарнигорон, инчунин дар ин рӯз дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар ноҳияи Варзоб барпо гардид, ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит сохтанд.

Дар доираи барномаи ҳамоиш мусобиқот байни хабарнигорон аз рӯи шиноварӣ, баскетбол ва футболи хурд бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ барпо гардид.

Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Умедҷон Аҳмадов, хабарнигори шабакаи телевизионии “Варзиш” ғолиб омад. Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ” ҷойи дувум ва Аъзам Насриддинов, хабарнигори Телевизиони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҷойи севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Бунафшаи Абдураҳим, хабарнигори Радиои Ватан пирӯз шуд. Мақоми дувумро Мавзунаи Муҳаммадалӣ, хабарнигори рӯзномаи “Вечёрка” ва мақоми севумро Таҳмина Назрихӯҷаева, хабарнигори Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, ишғол карданд.

Дар сабқати футболи хурд чор даста –“Матбуот”, “Телевизион”, “Кумитаи миллии олимпӣ” ва “Радио” иштирок карданд ва аз байни онҳо дастаи “Матбуот” ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи “Телевизион” дар бозии финалӣ бо ҳисоби 5:3 аз дастаи “Матбуот” шикаст хӯрд ва ҷойи дувумро касб кард. Дастаи “Кумитаи миллии олимпӣ” дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи “Радио”-ро мағлуб кард.

Дар сабқати баскетбол танҳо ду даста иштирок карданд ва ин сабқат бо пирӯзии дастаи Кумитаи миллии олимпӣ анҷом ёфт. Дастаи “Журналист” ҷойи дувумро гирифт.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ
Ғолибони мусобиқот бо ҷом ва соҳибони ҷойҳои дувуму севум бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба ширкаткунандагон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда шуд.
И. Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: