Баскетбол15-03-2016, 08:55
Хабарро хонданд: 1302 нафар
Назарҳо: 0
Ватани баскетбол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ин намуди варзиш, ки имрӯз дар саросари олам мухлиси зиёде дораду ҳазорон марду зан, духтару писар баскетболро шуғли асосии худ медонанд, бори аввал дар маркази таълимии Ассосотсиатсияи христиании Спрингфилди музофоти Массачусет арзи ҳастӣ намуд. Ин воқеа соли 1891 ба вуқӯъ пайваст.
Муаллими ҷавони канадагӣ Ҷеймс Нейсмит барои шавқовартар намудани машғулияти гимнастика ду сабади мевачиниро муқобили ҳам ба девор насб намуда, усули машқро ба шогирдон ёд дод. Мебоист бозингарон тӯби футболро ба даруни сабатҳо мепартофтанд. Номи ин намуди варзиш ҳам bazket - сабат ball - тӯб аз он рӯз пайдо шуд. Аллакай пас аз як соли арзи ҳастӣ кардани ин бозӣ қоидаҳои ҳатмии иҷрои ҳар як элементи ин намуди варзиш бо пешниҳоди асосгузори он Ҷеймс Нейсмит қабул карда шуд. Дар нахуст мухлисони бозӣ аз пешайвон (балкон) -и толорҳои варзишӣ тӯбро аз ҳаво дошта, ба сабади ҳариф мепартофтагӣ шуданд. Зарур омад, ки барои пешгирии ин амал сипар (шит) –и баскетбол устувор карда шавад. Соли 1893 бошад, ҳалқаҳои фулузӣ ва тури ин ҳалқаҳо арзи ҳастӣ намуданд. Давра ба давра бозии Баскетбол писанди ҳарчи бештари мухлисон мегардид. Соли 1894 дар Америка қоидаҳои асосии бозӣ қабул карда шуд. Пас аз муддате Баскетбол аз Америка ба Шарқ – Япония, Хитой, Филиппин омад. Баъдтар ин намуди варзиш дар Америкаи Лотинӣ ва Аврупо ҳам мухлисони зиёд пайдо намуд. Пас аз 10 сол дар бозиҳои олимпии Сант Луис америкоиҳо ҳунарнамоии баскетболбозони чанд шаҳри худро намоиш доданд. Дар бозиҳои олимпии оянда (солҳои 1924 -1928 ) низ баскетбол чун намуди варзиши берун аз ҷадвали мусобиқаҳо мавқеъ дошт. Солҳои бистуми асри гузашта нахустин федератсияҳои миллии баскетбол таъсис ёфта, мусобиқаҳои байналмилалӣ гузаронида мешуданд. Агар соли 1919 нахустин вохӯрии тимҳои варзишии ҳарбиёни ИМА, Италия, Франсия доир гардида бошад, соли 1923 мусобиқаи баскетболбоздухтарони Англия, Италия, ва ИМА гузаронида шуд. Соли 1923 Федератсияи байналмилалии баскетбол FIBA таъсис ёфт. Соли 1935 баскетболро чун варзиши асосӣ ба бозиҳои олимпӣ ворид намуданд. Дар олимпиадаи соли 1936 , ки дар Гемания баргузор шуд, асосгузори баскетбол Ҷеймс Нейсмит меҳмони фахрии мусобиқаҳо буд. Дар ин олимпиада, ки маросими ифтитоҳии он бо иштироки Адолф Гитлер сурат гирифта буд, 21 дастаи мунтахаби кишварҳои иштирокчӣ барои гирифтани унвони чемпиони олимпӣ аз рӯи намуди баскетбол байни худ қувва санҷиданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин олимпиада бозии баскетбол дар майдонҳои теннис сурат гирифта буд. Аввали солҳои панҷоҳуми асри бист ба бозии баскетбол қоидаҳои нав ворид карда шуд. Ҳарчанд бозии баскетбол миёни мардону бонувон қариб, ки баробар оғоз гардида буданд ва ҳанӯз соли 1923 аввалин мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки занон доир гардида буд , танҳо соли 1976 ин намуди варзиши занона ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт. Дар бозиҳои олимпии солҳои 1976, 1980 баскетболбозони дастаи занонаи СССР унвони чемпиониро ба даст оварданд. Дар ду олимпиадаи минбаъда дастаи мунтахаби ИМА сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Дар олимпиадаи соли 1992 дастаи мунтахаби занонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун ҷойгузини СССР чемпиони олимпӣ гардид, Соли 1996 бошад, бонувони Америко аз рӯи намуди баскетбол боз ғалабаро соҳиб гардиданд. Умуман дар бозии баскетбол то имрӯз ягон дастаи мунтахаб ба америкоиҳо баробар шуда наметавонад. Дастаи мунтахаби мардонаи баскетболбозони ИМА танҳо ду маротиба (1972, 1988) ба тими мунтахаби СССР ва як мартиба соли 1980 ба дастаи Югославия мусобиқаҳои олимпиро бохтаанду халос. Дар кулли мусобиқаҳои дигар ҳамеша америкоиҳо даст болоянд. Ҳамчуноне, ки англисҳо футболро бо тамоми маҳорат бозӣ карда, вохӯрии бархе аз тимҳои футболи ин кишвар аз бозиҳои чемпионати ҷаҳон шавқовартар гузаронида мешавад, баскетбол барои варзишгарони америкоӣ ҳам бозӣ асту ҳам намунаи пешниҳоди маҳорат ва истеъдоди ҳар як варзишгар дар рӯ ба рӯи мухлисони худ. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.