«Ҷавонон ояндаи кишваранд»1-07-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Дар Хонаи маданияти ноҳияи Деваштич бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» дар ноҳияи Деваштич Конфронси илмӣ-назариявии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Меҳмонон Даврон Ҳоҷиев Раиси «Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» дар вилояти Суғд, ёрдамчии прокурори ноҳия Одилҷони Зайниддин, Руслан Ҷумъаназаров ёрдамчии сардори ШВКД н.Деваштич, судяи ноҳия Юсуфзода Зубайдулло ва мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Вафоҷон Қӯлдошов ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов конфронсро ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, маърӯзачии аввалинро ба минбар даъват кард. И.в.Роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич Сарвар Саидов дар мавзӯъи «Пешвои миллат, Ваҳдати миллӣ ва ҷавонон», мутахассиси ФҶСК «Агроинвестбонк» Меҳрубон Солиева дар мавзӯъи «Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ», омӯзгори МТМУ№40 Заррина Рофиева дар бораи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», мутахассиси шӯъбаи маориф Дилфуза Ағолиқова дар мавзӯъи «Пешвои миллат-ҳимоятгари дини мубини ислом» баромад намуданд. Зимни маърӯзаҳои хеш оид ба хизматҳои шоистаи абармарди миллат, сиёсати созандаю босуботи пешгирифтаи имрӯзаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ишора гардид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ қадршиносии собиқадори ҳизб Тӯйчибой Махкамов сурат гирифта, ба чанд нафар аъзои ТҶ «Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» нишони сарисинагӣ, ба маърӯзачиёну варзишгарон ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич супорида шуд. Дар хотима аз ҷониби собиқадори ТҶ «Ҳомии Ваҳдат» дар вилояти Суғд Сайидмуродхон Мамадов барои ташкилкунандагони конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ баён гардида, аз ҷавонон даъват ба бор оварда шуд, ки дар роҳи пояндагии Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ устувору қавиирода, соҳибфарҳангу хештнашинос бошанду ҳушёрии сиёсиро аз даст надода,ба қадри хизматҳову ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат расанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.