Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-06-2016, 11:10
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда дар ҳамин асос аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас баъди баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро мақул дониста барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” пешниҳод шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб”, Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021, Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Варзоб, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохтрҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дода шуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи меваю сабзавот ва ғалладонагиҳо, афзун намудани содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба хориҷ, танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва расонидани кӯмак ба ятимону эҳтиёҷмандон дар арафаи Иди саиди Фитр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: