Баҳрулло Раҷабалиев: Касби хабарнигори варзишӣ осон нест30-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев хабарнигорони варзишии кишварро ба муносибати Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ табрик намуда, аз ҷумла таъкид кардааст, ки барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми шумо арзанда аст, чунки бе кӯшишҳои шумо варзиш рангину шавқангез нахоҳад шуд.
Матни пурраи табрикоти Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дӯстони азиз! Шодам, ки ҳамаи хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон - Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ - сидқан муборакбод мегӯям! Дар ин рӯз, 2 июли соли 1924, дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд. Ташаккур барои заҳмати шумо, барои муҳаббати шумо ба варзиш. Ба шарофати мақолаҳо, аксҳо ва гузоришҳои шумо моро ҳисси ифтихор аз варзишгаронамон, аз кишварамон фаро мегирад. Шумо барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда мегузоред. Бе кӯшишҳои шумо варзиш рангину шавқангез намешуд. Бо сухан худ шумо миллионҳо одамонро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят мекунед. Касби хабарнигори варзишӣ осон нест. Ҳодиса бояд чунин пешниҳод ва инъикос шавад, ки тамошобинону шунавандагон ва хонандагонро ба ваҷд биёрад. Дар Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ аз шумо барои кори пурмаҳсулатон сипосгузорам. Бори дигар шуморо бо иди касбиатон табрик гуфта, бароятон комёбиҳои тозаи эҷодӣ, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам ва умедворам, ки ҳамкории мо минбаъд ҳам пурмаҳсул идома хоҳад кард. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.