Аъзои нави кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё аз Тоҷикистон18-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмие ирсол кардааст, ки дар он гуфта мешавад аъзои нави 15 кумитаи ШОО барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шудааст.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Баҳрулло Раҷабалиев узви Кумитаи молияи ШОО, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи муносибатҳои байналмилалии ШОО ва мудири кулли КМОТ Муҳаммадшо Абдуллоев узви Кумитаи варзиш ва муҳити зисти ШОО интихоб шудаанд. Ба иттилои манбаъ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар номаи худ ҳарсе намояндаи Тоҷикистонро, ки аз нав ба узвияти кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё пазируфта шудаанд, табрик гуфта, барояшон баҳри рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё барори кор ва комёбиҳо орзу кардааст. ©И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.