Уқёнуси нави қаъри Замин29-06-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Олимони канадагӣ пас аз таҳқиқонти чандинсолаи қишри Замин яқин медонанд, ки дар умқи 600 километраи маркази сайёра он миқдор об маҳфуз аст, ки аз оби мавҷудаи баҳру уқёнусҳо се маротиба зиёдтар мебошад.
Муаллифи таҳқиқот Грэм Пирсон, корманди Донишгоҳи Албертҳо Альберты изҳор намудааст, ки яке аз сабабҳои асосии он, ки Замин сайёраи дар ҳоли ҳаракат аст, дар қаъри он оби зиёде маҳфуз мебошад. Пас аз омӯзишу таҳқиқоти назариявӣ тӯли даҳсолаҳо дар бораи маҳфуз будани оби зиёди қаъри Замин олимон бо қатъият ва асосҳои илман асоснокшуда ҳисобот медиҳанд. Ва мутмаин ҳастанд, ки андар қаъри мантияи Замин уқёнуси азиме мавҷуд аст. Ин бозёфт ҳайратовар буда далели он аст, ки оби сайёра аз қаъри Замин тариқи гирдоб бурун меояд. Ва гумон меравад, ки об миллионҳо сол пеш тариқи комметаҳои яхин ба Замин омадааст. Ҳарчанд ки ин сайёраи дар муқоиса ба дигар сайёраҳои ситемаи офтобӣ хурдакаи мо Замин номгузорӣ карда шудааст, об аз хушки чандин маротиб зиёд буда, на танҳо дарёву кӯл, баҳру уқёнусҳое, ки мо ҳамагон мушоҳида мекунему дар паҳлӯи онҳо умр ба сар мебарем, дар масофаи 400-600 километраи мантияи Замин уқёнуси азиме нуҳуфта будааст, ки ҳаҷмаш аз оби мавҷуда зиёдтар аст. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.