Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 45 миллион нафар сокини сайёра ғуломвор ба сар мебурдаанд

45 миллион нафар сокини сайёра ғуломвор ба сар мебурдаанд

24-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
45 миллион нафар сокини сайёра  ғуломвор ба сар мебурдаанд
Бино бар иттилои оҷонсии INTERFAX.RU кишварҳое, ки сокинонашон дар вазъи ғуломӣ карор доранд, Ҳиндустон, Хитой, Покистон Бангладеш ва Ӯзбекистон будаанд.

Мувофиқи навиштаи ин сарчашмаи хабарӣ феълан дар олам беш аз 45 миллион нафар шаҳрванд дар вазъи ғуломӣ умр ба сар мебаранд, ки теъдоди асосии онҳо дар ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба сар мебаранд, омодааст дар ҳисоботи Фонди австралиягии Walk Free Foundation. Тибқи ин ҳисобот шумораи нафарони мисли ғулом зиндагикунанда оғоз аз соли 2014 ба андозаи 28% зиёд шудааст.

Теъдоди нафарони беҳуқуқ дар кишвари «афсонавӣ»-и Ҳиндустон аз ҳама бештар будааст. Дар ин мамлакат наздики 18, 35 миллион нафар қашшоқона ба сар мебаранд. Баъди Ҳиндустон тоифаи чунин нафарон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуввумин будааст. Дар ин кишвар шумораи чунин нафарон 3, 39 миллион нафар, дар Покистон бошад 2, 13 миллион, дар Бангладеш 1, 53 миллион ва дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон як миллиону 230 ҳазор нафар дар вазъи ғуломӣ қарор доштаанд.

Тибқи як маълумоти тадқиқотии Фонди Walk Free Foundation шумораи аз баланди норизоёни сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ба мушоҳида расидааст. Дар ин кишвар 4, 37% аҳолӣ ба табақаи норозиҳои зиндагӣ шомил будаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар саросари кишварҳои дунё аз ҷониби коршиносони Фонди Walk Free Foundation намунаҳои мухталифи истисмори одамон аз қабили зулму тааддӣ, ҷабру ситам, муносибати дағалона, фиреби шаҳрвандон ва амсоли инҳо таҳти унвони «Индекси байналмилалии ғуломӣ» - (Global Slavery Index) дар 167 кишвар таҳқиқот анҷом дода шудааст
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: