Болти зиёда аз 280 млн сола дарёфт шуд8-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Агар аз ҷониби мутахассисони экспедитсияи Маркази «МАИ-Космопоиск»-и Федератсияи Русия беаҳамиятӣ зоҳир мешуд, тасаввуроти мо оид ба таърихи инсоният ва кайҳон дигар пеш намерафт, яъне сухан дар бораи санге меравад, ки сараввал онро мехостанд, ҳамчун маводи сохтмонӣ истифода баранд. Санги мазкур аз сабаби калон буданаш, онро мехостанд пора кунанд. Аммо, ҳангоме ки дохили сангро диданд, масъалаи истифода бурдани он ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ аз байн рафт… Ана боз бозёфтҳои ҳайратовар – “болтҳои қадима”-и зиёда аз 300 миллионсолае, ки дар сангҳо нақш бастаанд. Аз ин мебарояд, ки то пайдоиши динозаврҳо дар рӯи Замин махлуқоте умр ба сар мебурданд, ки соҳиби шуур буданд ва дониши баланди техникӣ доштанд. Яъне замоне, ки дар кураи Замин ҳатто динозаврҳо вуҷуд надоштанд, воситаҳои техник ва ё чизҳое ба онҳо монанд пайдо гардиданд. Дар ин бора натиҷаҳои ташхиси бозёфтҳои нодире, ки аз ҷониби мутахассисони Русия ба даст омадаанд, шаҳодат медиҳанд.
Таҳияи Фирдас Таушаров, аз сайти mirpristrasten.com |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.