Дар Қазоқистон "нақшаи табаддулоти давлатӣ"-ро фош карданд29-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки соҳибкори маъруфи ин кишвар Тохтар Тулешов муаллифи тарҳи густардаи табаддулоти давлатӣ дониста шудааст.
Руслан Караев, сухангӯи ин ниҳод зимни як нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, Тулешов аз соли гузашта ба ин сӯ ба ғасб кардани ҳукумат дар Қазоқистон омодагии ҷиддӣ медид. "Тибқи нақша вай бояд субот дар кишварро аз роҳи баргузории тазоҳурот ва бетартибиҳои оммавӣ барҳам мезад", - гуфтааст Карасев. Тохтар Тулошев, соҳиби ширкати "Чимкентпиво" охирҳои моҳи январ боздошт ва бо гумони даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вобаста ба маблағгузории гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир зиндонӣ шуд. Вай созмони ҷамъиятии "Маркази таҳлили хатарҳои террористӣ"-ро ҳам раҳбарӣ мекард. "Тулошев нақшаи ташкили ба истилоҳ "ҳукумати алтернативӣ" ва тағйири сохтори ҳукумати кунуниро дошт", - афзудааст Карасев. Сухангӯи КДАМ Қазоқистон аз боздошти як қатор ҳамдастони Тулошев ҳам хабар додааст. Ба гуфтаи вай, миёнашон Илёс Бахтибоев, муовини пешини додситони кулли Қазоқистон, генерал-майор Доскалиев, сардори пешини РКД вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳам ҳаст. Инчунин муовини аввали пешини сардори РКД Қазоқистони Ҷанубӣ ва ду фармондеҳи минтақавии Вазорати дифои ин кишвар ҳам дастгир шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.