Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қазоқистон: Нооромиҳо ба суди кист? Фоҷеаи Оқтеппа

Қазоқистон: Нооромиҳо ба суди кист? Фоҷеаи Оқтеппа

26-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Қазоқистон: Нооромиҳо ба суди кист? Фоҷеаи ОқтеппаНоми Оқтеппа, маркази идории шимол - ғарби Қазоқистон рӯзи 5 июни соли 2016 якбора дар сархати хабару гузоришҳои воситаҳои ахбор қарор гирифт. Сабаб ин буд, ки дар ин рӯз 15 нафари номаълум ба фурӯшгоҳҳои "Паллада"- и "Пантера", ки дар маркази шаҳр силоҳ савдо мекунанд, ҳамла карда, миқдоре аз аслиҳаро ғасб карданд. Пас аз он автобусеро рабуда, ба қисми низомии горди миллии вобаста ба ВКД-и Қазоқистон ҳуҷум намуданд.

Дар ҷараёни муқовимат бо ин гурӯҳ 3 низомӣ кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Дастаи таъиноти махсуси КАМ, ки ба зудӣ барои ёрӣ ба маҳали задухӯрдҳои мусаллаҳона омада буд, якҷо бо горди миллӣ иқдомотеро ҷиҳати маҳв кардани гурӯҳ ба иҷро расонданд.
Аввалин хабари расмӣ дар робита ба ин ҳодиса рӯзи 6 июн аз сӯи мақомоти ВКД интишор шуд.

Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон дар нишасте гуфт, ки дар рафти даргирӣ 11 ҷинояткор кушта ва 1 нафар дастгир шуд.

Аммо хабарҳои баъдӣ маълум кард, ки шумораи ҳамлагарон бештар аз он будааст, ки дар оғози ҳодиса эълон гардид. Тибқи гузоришҳои расмӣ, шаби 5-6 июн ду нафари дигар низ, ки қасди бо мошин фирор карданро доштанд, нобуд карда шудаанд. Илова бар ин 5 террористи дигар 6 июн дар маҳали як сохтмони навсохт дар пайи муқовимати мусаллаҳона кушта ва 2 нафар дастгир шуданд.

Ниҳодҳои амниятии Қазоқистон эълон карданд, ки ному насаби ҳамаи ҷинояткорони дар ин ҳамла иштирок дошта, мушаххас шуда, тадбирҳо барои ҷустуҷӯ ва дастгир карданашон мавриди иҷро қарор гирифтааст. Тахмин мешуд, ки ҳанӯз қариб 10 террористи мусаллаҳ дар озодӣ мондаанд. Дар ҷараёни тирандозиҳо 3 сокини ғайринизомии Оқтеппа ҳам ҷон бохтанд.

Дар муддати ду рӯз шаҳре бо ҷамъияти қариб 400 ҳазор нафар дар ҳолати қариб ҷангӣ қарор дошт. Фурӯшгоҳҳо баста шуданд, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт, дар дили мардум тарс ва ваҳм ҷой гирифт.

Бозори сухан гарм шуд
Дар соатҳои аввали пас аз ҳодиса баъзе расонаҳо (аз ҷумла шабакаҳои хабарии ВВС ва «Озодӣ») хабар паҳн карданд, ки масъулияти ҳамларо «Артиши озодихоҳи Қазоқистон» ба дӯш гирифтааст. Аммо хеле зуд маълум шуд, чунин ниҳод дар ин кишвар ва ҳатто дар саросари Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.

Рӯйдодҳои ахири Қазоқистон бозори савдои суханро боз гарм кард. Баъзеҳо ба фаъолияти созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла ба салафиҳо ишора мекунанд, гурӯҳи дигар мегӯянд, ин кори афроде аст, ки дар созмонҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон рабт доранд.

Аз дигар сӯ, ин ҳамла дар рӯзҳое сурат гирифт, ки дар ин минтақаи Қазоқистон амалиёти боздошти чанде аз мансабдорони баландмақом иҷро мешуд. Боздошти ин афрод дар доираи парвандаи соҳибкори қазоқ Тохтар Тулешов, соҳиби корхонаи «Шимкентпиво» ба иҷро мерасад, ки дар аввали сол бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои калон боздошт гардид ва баъдан ба ҷиноёти алайҳи ӯ эълоншуда қасди табаддулоти давлатӣ ҳам илова шуд.

Ҳамлаҳои террористӣ дар Қазоқистон чизи нав нест. Солҳои 2011 ва 2012 ҳам чандин ҳодисаи ҳамсон рух дода буд. Ҳамон сол ҳодисаи худро таркондани нафаре бо номи Раҳим Махатов дар саҳни бинои КАМ-и Оқтеппа боиси маргу захмӣ шудани чандин нафар шуд. Баъдтар дар шаҳраки Шубаршии вилояти Оқтеппа гурӯҳи салафиҳо ду маъмури полисро ба қатл расонданд. Дар сентябри соли 2012 гурӯҳи ифротиёни мусаллаҳ дар шаҳри Атирау – маркази вилояти ҳаммарз бо Оқтеппа ба бинои идораи полис ҳамла карданд.

Оқтеппа аз шаҳрҳои калони саноатӣ ба ҳисоб меравад. Чандин корхонаи истихроҷи маъданҳои химиявию саноатӣ, коркарди нафту газ дар ин минтақа воқеъ аст. Албатта, ин барои террористон муҳим аст, вале аз ин бештар ҳамсарҳад будани ин вилоят бо Русия дорои аҳамият дониста мешавад, зеро дар сурати бесубот кардани ин вилоят таъсири он ба минтақаҳои наздимарзии ин кишвар низ зуд мерасад.

Маъмулан, аз чунин ҳодисаҳо ҳамеша мухолифони давлат ба суди худ истифода мекунанд. Дар Қазоқистон ҳам чунин шуд: акнун демократмаобҳо ва миллатгароёни қазоқ дар изҳори назарҳояшон ин ҳодисаро барои тахминзаниҳои сиёсии худ васеъ ба кор мебаранд. Аммо Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев ин ҳамлаҳоро аз нишонаҳои монанд ба “инқилобҳои ранга” номид, ки дар Гурҷистону Украина ва дар Қирғизистон рух дод.

Ҳамла ба Иттиҳоди Авруосиё?
Чунин ба назар мерасад, ки яке аз ҳадафҳои тарроҳони ин ҳамлаҳои террористӣ заиф кардани Иттиҳоди иқтисодии се кишвар -Русия, Белорус ва Қазоқистон, пешгирӣ аз густариши Иттиҳоди гумрукии онҳо дар маҳдудаи Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он низ ҳаст.

Таҳаввулоти Қазоқистон метавонад иқдоми дигари рақибони ғарбии Русия пас аз рӯйдодҳои Украина бошад. Ба ин далел, баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки кишвар ба рӯйдодҳои ҷиддитаре дар ояндаи наздик рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бархе аз «коршиносон» - у «пажӯҳишгарон» - и вобаста ба созмонҳои ҷосусии хориҷӣ, ки ҳар гуна нооромӣ дар минтақаи таҳти назарашон шояд баробари тӯй аст, ин фоҷеаро «оғози баҳори Осиёи Марказӣ» ҳам унвон карданд. Ин ишорае ба рӯйдодҳои «баҳори араб» аст, ки панҷ сол пеш (25 январи соли 2011) бо эътирозҳо дар Қоҳира шурӯъ шуду табаддулоти давлатӣ дар Миср ва гирифтори ҷанг ва нооромиҳо гардидани чанд кишвари дигар паёмадаш буд.

Ҳар гуна бесуботӣ дар Қазоқистон нигарониҳоеро барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳам дар пай дорад. Чунки ин кишвар аз шарикони боэътимоди иқтисодию тиҷоратии мост. Тоҷикистон солона аз ин кишвар садҳо ҳазор тонна гандуму орд ва маводи сӯзишворӣ ворид мекунад.

Бар асоси омори расмӣ, дар 10 моҳи соли 2015 ба Тоҷикистон беш аз 130 ҳазор тонна орд ба маблағи 52,9 миллион доллар ворид шудааст, ки 98,9 дарсади он аз Қазоқистон ва фақат 1,1 дарсад аз Русия будааст.

Қазоқистон пас аз Русия дуввумин кишвар аст, ки ҳазорҳо муҳоҷирони кории моро то кунун дар хоки худ пазируфта, бо кор таъмин мекунад. Раванди ба Қазоқистон рафтани тоҷикҳо ба хусус, пас аз афзоиши шумораи муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия ва маҳрум шудани онҳо барои солҳои тӯлонӣ аз ҳаққи сафар ба ин кишвар тавсиаи бештар пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, ба дарозо кашидани ҳар ҳодисае, ки дар Қазоқистон рӯй медиҳад, ба таври ғайримустақим ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии мо ҳам таъсир хоҳад дошт.

Ба гуфтаи мақомоти расмии қазоқ, аз ҷумлаи 26 нафари ширкатнамуда дар ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта ном ва синнусоли аксарият маълум шудааст. Аъзои калонсоли ин гурӯҳ 43 - сола ва ҷавонтаринашон 19 –сола будааст. Агар диққат кунем, ин ҳамон синнест, ки ҷангиёни ифротӣ дар Сурия, Афғонистон, Ироқу Либия доранд.

Пас метавон тахмин кард, ки амали террористӣ дар Оқтеппа ҳам ба тарроҳону коргардонҳое аз хориҷ ва ба шабакаҳои байналмилалии ифротгароӣ рабт гирифта, ҷангиёни таҳти назари худро бар асоси низомномаи озмудашуда ва бо таваҷҷуҳ ба собиқаи фаъолияте, ки доранд, интихоб мекунанд.

Дар Қазоқистон агарчӣ фаъолияти созмонҳои динӣ нисбати дигар кишварҳои минтақа равнақи камтар дорад, аммо ҷамъ овардану тайёр кардани афрод барои иҷрои тарҳҳое зери ниқоби созмонҳои вобаста ба тундравони исломӣ чандон мушкил ба назар намерасад. Зеро ҳар амали террористие, ки дар 5-6 соли ахир дар ин кишвар иттифоқ афтодааст, ба афроди вобаста ба чунин гурӯҳҳо рабт дода мешавад.

Пешгӯиҳое дар мавриди ба маркази ифротиён табдил додани Қазоқистон барои шиддат бахшидани нооромиҳо дар Русия ҳам ба гӯш мерасад. Аммо табдил шудани Қазоқистон ба кишвари омӯзишу тарбияи террористон барои тамоми ҷомеаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хатарнок аст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: