Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдат арзиши муқаддас ва бебаҳост

Ваҳдат арзиши муқаддас ва бебаҳост

29-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат арзиши муқаддас ва бебаҳост
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» бахшида ба 19-умин солгарди рузи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Ҳакимов Музаффар Ҷураевич муовини Директори ҶСК “Сементи тоҷик”, Шомуродова Тоҷинисо. муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд», Дустзода Афзалшо мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хайём Амонов Мутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Носиров Файзиддин раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Пайванд” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ваҳдат арзиши муқаддас ва бебаҳост
Нахуст Ҳакимов Музаффар Ҷураевич. муовини Директори ҶСК “Сементи тоҷик” вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муарифӣ намуд ва оиди ин ҷашни пуршукӯҳ ва шарафманд ибрози сухан намуда, қайд кард, ки мо мардуми тоҷик ва алалхусус сокинони пойтахт ин сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагии кишваррро ҳифз менамоем, зеро ки суботу ваҳдати миллӣ омили муҳимӣ мутаҳидсозӣ буда низоъҳои дохилӣ-миллиро аз байн бурда, сатҳи иҷтимоиёти ҷомеаро боло мебардорад.
Ваҳдат арзиши муқаддас ва бебаҳост
Оиди Ваҳдати миллӣ Шомуродова Тоҷинисо, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон нуздаҳ сол сипарӣ мешавад, ки ин нуздаҳ қадами устувор дар роҳи пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маънавии ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарак медиҳад. Бо шарофати сулҳи созанда ва ваҳдату ҳамгироии тамоми мардуми тоҷик мо тавонистем, ки давлатамонро аз парокандагӣ эмин дорем ва миллати куҳанбунёди тоҷикро аз маҳвшавӣ наҷот бахшем.

Назирова Дилрабо аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» доир ба моҳияти Ваҳдати миллӣ суханронӣ карда, Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи ба ҳамоиву созиш, сарчашмаи меҳру садоқат ва дӯстиву рафоқати мардуми Тоҷикистон ва фароҳамоварандаи шароити мусоид барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ номид. Гуфта шуд, ки барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон замимаи мусоид муҳайё гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Наимов Назаралӣ аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» иброз намуд, ки тавре, ки ҳамагон дар ёд дорем, барои бартараф намудани низоъҳои дохилӣ ва кашмакашҳои мусаллаҳона чандин абармардони тоҷик ҷони худро нисор сохтанд, то ин, ки наврасону ҷавонон, занону модарон ва ақлҳои солимӣ ҷомеа ба гирдоби нақшаву ниятҳои нопоки нотавонбинони дохиливу хориҷӣ ғутта назананд ва барои ояндаи неки Тоҷикистони азиз хизматҳои босазо дошта бошанд.

Албатта, ягон давлат бе костагӣ ва ҳеҷ ҷомеа бе камбудӣ нест, чунончи ин моҷароҳои нангин дар давлатҳои хориҷ низ ҳувайдост, ҷои пушида нест, ки барои несту нобуд сохтани миллати тоҷик аз давраҳои пайдоиши ин қавм нақшаҳои аз байн бурданашро мекашиданд, вале миллати тоҷик худро аз нерӯҳои бадхоҳ то ба имрӯз ҳифз намуда, бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки мо миллати қавиирода ва дорои хусусияти хоси дӯстиву сарҷаъмиро доро ҳастем ва метавонем муросову муруват намоем.

Сипас Носиров Файзиддин Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» ҷавононро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, воло донистани арзишҳои миллӣ ва муқаддас шуморидани ҳар порча хоки Ватан даъват намуд, таъкид намуд, ки шукронаи ваҳдату оромӣ, якдиливу ҳамоҳангӣ, сарҷаъмиву дӯстии мардуми тоҷикро намуд. Зеро, ки ин Ваҳдати миллӣ падидаи мавсимӣ нест, дар ҳама давру замон чун обу хоки ин кишвари биҳиштосо бебаҳо мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ Дустзода Афзалшо мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар раванди сулҳу оромӣ бояд аз мушкилотҳо,масъалаҳо ва дигар рӯйдодҳои номатлуби ҷомеа бохабар гашта дар таҳкими ҳаллу фасли одилонаи он камари ҳимат бубандем ва нагузорем, ки нотавонбинон бо ниятҳои нопоки хеш ба марзи Ватани моро ноором ва ниятҳои худро амали созанд.

Дар ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддас ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Озодии ҳамешагӣ, сулҳу суботи доимӣ, оромиву якдилӣ ва созандаю бунёдкорӣ аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мост. Бинобар ин вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпараст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм азизу муътабар дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: