Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ

Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ

28-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ директории китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ Обидов С. меҳмононро хуш мадед гуфта қайд кард, ки тоҷикон миллати тоҷбарсар, миллате, ки таърихи бою ғанӣ дорад ва ҳамеша аз он ифтихор бояд кард, ки миллати сарҷамъ ҳастем, соҳибватан ҳастем, соҳиби забон, соҳиби расму ойин ва фарҳангӣ худ ҳастем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки гузаштаи худро омӯхта ба ин васила ояндаи худро дурахшон гардонем.
Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ
Инчунин роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар шахсони расмӣ ибрози ақида намуда чунин баён карданд, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тули садсолаҳо ба миллати тоҷик хизмат кард ва хизмат карда истодааст. Маҳз хизмати «Шоҳнома» буд, ки миллати тоҷик фарҳангу маданиятӣ аз ниёгон мерос мондаро то ба имрӯз зинда нигоҳ доштааст. Дар баробари ин китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдодони гузаштаи худ барои имрӯзу оянда саҳми муносиб дорад.
Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ
Зимни баргузории чорабинӣ аз тарафи хоанандагон, ки аъзои маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди китобхона мазкур ҳастанд, хондани порчаҳои шеърӣ аз китоби «Шоҳнома», иқтибосҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» инчунин барои болидагии хотири иштирокчиён навозиши най ва дутор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: