Қадрдонии бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар Кореяи ҷанубӣ28-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз санаи 14 то 24 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 3 адад ихтироъи бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод, намуд ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот, бо се медал тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз он ҷумла, Биҳамида Маҳкамова барои ихтироъи “Нақеъи “Фитосуман”, ҳамчун маводи зидди микробӣ, соҳиби медали тилло ва “Диплом”-и Президенти Ассосиатсияи ихтироъкорон ва навоварони Тайван, Яминова Зарина барои ихтироъи “Тарзи ҳосилкунии оҳор барои нахи пахтагӣ” соҳиби медали нуқра, Раҳимова Мубоширахон барои ихтироъи “Тарзи дарёфти равғани зағир” соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин соли панҷум аст, ки ихтироъи бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад қадрдонӣ карда мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.