Ихтироъкорӣ аз чарх то IPad26-01-2016, 12:07
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
Ширкати «Oualcomm» дар байни зиёда аз 10000 аҳолии 17 давлати ҷаҳон таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида, шахсият, хислат ва кору фаъолияти ихтироъкорон, инчунин пешсафии имрӯзу ояндаи давлатҳоро дар самти ихтироъкорӣ муайян намуд.
Ҳамчунин ихтироъҳои маъмулу машҳур, ихтироъҳои ба азнавсозӣ ниёздошта, мушкилиҳо дар ин самт ва умуман мақсади ихтироъкориро муайян кард. Таҳқиқоти ширкати мазкур 3 самти ихтироъҳои муҳими замони муосирро муайян кард, ки инҳо чарх, барқ ва интернет мебошанд. Дар рафти пурсиш 84 % мардуми ҷаҳон гуфтанд, ки мо дар давраи рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ умр ба сар мебарем. Дар шимоли Африқо 43%, Индонезия 44% ва дар Олмон 57% ихтироъкорон дар танҳоӣ ихтироъ офаридаанд. Дар ҶХХ 73%, Ҳиндустон 76% ва Сингапур 80% ихтироъкорон дар якҷоягӣ (коллективона) ихтироъ офаридаанд. Дар ояндаи наздик, рушди ихтироъкорӣ дар давлатҳои зерин мушоҳида карда мешавад: ИМА, Олмон, Британияи кабир, Фаронса. Ихтироъҳое, ки бо мурури замон азнавсозӣ гардидааст, инҳо ихтироъи телефон 8%, мошин 11% ва компютер 13% мебошад. Дар ҷаҳон аз ҳама бештар чунин ихтироъҳоро мардум дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд: муйхушкунак 1,1%, деги биринҷпазӣ 2,9%, қутбнамо 3,7%, часпаки ширешдор 3,9%, пулти телевизор 3,7%, соат 4,2 %, уребча 5,2%, телефонии мобилӣ 71%. Ихтироъкорон барои ба даст овардани сармоя эҷод намекунанд, балки ин амал сабабҳои дигар дорад, аз он ҷумла: барои шуҳрат пайдо кардан 3 %, барои ба даст овардани маблағ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ 13 %, зарурият 26 % ва 42 % шавқу рағбат доштан ба ихтироъкорӣ. Умуман ихтироъҳо барои нафъи мардум ва рушди ҷомеа офарида мешавад. Мушкилиҳое, ки садди роҳи ихтироъкорӣ мегарданд: сатҳи пасти системаи маориф - 18%, норасоии сармоя ва мутахассисон - 17%, иқтисодёти паст - 14%, пешравии сатҳи зиндагӣ - 12%, афзалият надоштан ба ихтироъкорӣ - 9%, вазъи муташанниҷи сиёсӣ - 9%, дигар чӣ ихтироъ бояд кард? - 5%. Ихтироъкорони давлатҳои пешрафта бо хислату сифатҳои зерин ихтироъҳо офаридаанд: мартабаи баланд -1%, меҳнатдӯстӣ - 3%, қудратмандӣ - 4%, иродаи бадеӣ - 5%, ақидаи ягона - 15%, саъю кушиш - 19%, илман асоснок -21%, боварӣ ба худ - 23%, иродаи ҳалли масъала – 34%, устуворӣ - 44%, дӯстдорӣ - 45%, мушоҳидакунӣ - 55%. Аз он ҷумла, хислату сифатҳои ихтироъкорони давлатҳои зеринро чунин муайян намуданд: Сингапур, боварӣ ба худ 29 %, - Аморати Мутаҳидаи Араб (АМА) ақидаи ягона 40%, - Шветсия навовариҳо дар ҳалли масъала – 47%. Аз ҳама бештар давлатҳои Бразилия, Туркия, Сингапур дар ҳаҷми - 1%, Африқои шимолӣ, Федератсияи Русия, Ҳиндустон дар ҳаҷми - 2%, Австралия - 3%, Шветсия - 4%, ҶХХ - 6%, Ҷопон - 7%, Великобритания -9%, Олмон - 10%, Амрико - 40% ихтироъҳои муфид офарида ва ҳифз намудаанд. Синну соли ихтироъкорони ҷавон аз 18 то 24 соларо ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чунин аст, аз ҷумла дар ИМА - 23%, ҶХХ - 24% ва Ҷопон - 25% . Аз рӯи пурсиши сотсиологӣ муайян карда шудааст, ки дар даҳсолаҳои оянда дар кишварҳои зерин аз байни олимону ҷавонони эҷодкор ва навовар бо чунин нишондодҳо ихтироъкорон зиёд шаванд: - АМА 43%, Олмон 70%, Туркия 73%, Бразилия 75%, ИМА 75%, Шветсия 76%, Мехико 77%, Ҳиндустон 77%, Австралия 77%, Британияи Кабир 78%, Африқои ҷанубӣ 80%, Кения 82%, Федератсияи Русия 84%, Сингапур 84%, Кореяи ҷанубӣ 85%, ҶХХ 92%, Индонезия 99%. Нишондиҳандаҳои ихтироъкорони меросӣ: Индонезия 1%, ҶХХ 8%, Кореяи ҷанубӣ 15%, Сингапур 16%, Федератсияи Русия 16%, Кения 18%, Африқои ҷанубӣ 20%, Британияи Кабир 22%, Австралия 23%, Ҳиндустон 23%, Мехико 23%, Шветсия 24%, ИМА 25%, Бразилия 25%, Туркия 27%, Олмон 30%, АМА 57%. Давраҳои рушди ихтироъкорӣ ва нишондиҳандаҳои татбиқи он дар истеҳсолот: - Давраи аввал, зироаткорӣ 2%, 5000 сол пеш то мелод; - Давраи дуюм, санъати меъморӣ 2%, солҳои 400 то 700; - Давраи сеюм, механика ва технология 3%, солҳои 1300 то 1600; - Давраи чорум, кимиё, солҳои 1700-1800, 11%; - Давраи панҷум, риёзиёт, солҳои солҳои 1800-1914, 13%; - Давраи шашум, тиб, солҳои 1918-1939, 4%; - Давраи ҳафтум, аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, солҳои 1940-1950, 6%; - Давраи ҳаштум, коинот 19%, аз соли 1957 то имрӯз. - Давраи нуҳум, техникаи рақамӣ ва электронӣ 84%, аз соли 1980 то имрӯз. Инсон аз қадиммулайём ба тахайулот дода шудааст. Маҳз он ҳама ҳазорҳо андешаҳои одамӣ, барои нафъи мардум ва пешрафти ҷомеа аз чарх то ба IPad оварда расонид. Тарҷума аз англисӣ ба тоҷикӣ аз маҷаллаи (TIME) «ВАҚТ» ©Боймурод Боев, Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.