Саодати миллат дар Ваҳдати миллист24-06-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Фурудгоҳ» бо иштироки Меликов Аслиддин Изатуллоевич, муовини директори генаралии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, Қурбон Восиев, академик, аъзои Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Гулаҳмадов Зулфиқор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муродова Муҳтарама, аъзои раёсати кумитаи мазкур ва аъзоёни ҳизб маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Меликов Аслиддин Изатуллоевич кушода, ҳозиринро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд. Баромадкунандагон оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, баимзорасонӣ ва татбиқи нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон сухан ронда, қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид ва дар ҷаҳони муосир мавқеи махсус пайдо кард, ки нақши Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин дастовардҳо сазовори қадрдонист. Дар охир ба 6 нафар ҷавонон фаъоли ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомилшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.