Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бетарафӣ нишонаи худбохтагист

Бетарафӣ нишонаи худбохтагист

25-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Бетарафӣ нишонаи худбохтагист
Раванди сиёсишавии ислом, ки аз ибтидои солҳои 20-уми асри 20 дар минтақаҳои Шарқи Наздик, Эрону Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ шуруъ гардидааст, то ба имрӯз ба ғайр аз даҳшатафканиву ифротгароӣ натиҷаи дигареро ба бор наовардааст. Ин хатари даҳшатбор ва трансмиллӣ баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна низ сироят карда, ҳамчун омили фитнаангез дар тамоми нооромиҳову даргириҳои ин минтақа нақш бозидааст. Махсусан дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нерӯҳои иртиҷоӣ исломи сиёсиро аз хориҷ ворид карда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмон доданд. Дар натиҷаи фаъолияти ин ҳизб, ки мехост ҳокимияти сиёсиро бо зурӣ ба даст орад, дар кишвар хунрезиву харобӣ сар зад ва ҳазорон нафар қурбон шуданд.

Баъди аз сар гузаронидани ин таҷрибаи талх ва ба ҳам омадани нерӯҳои созанда, созишномаи сулҳ имзо гардид ва ҳамаи тахрибкориҳои ҳизби мазкур аз тарафи мардуми тоҷик бахшида шуданд. Дар фазои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба ин ҳизби исломӣ аз нав ҷойгоҳ дода шуд. Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон умед ба он дошт, ки ҳизби мазкур ислоҳ гардида, дар роҳи меъмори давлати миллӣ қадамҳои созанда хоҳад гузошт. Аммо роҳбарияти он бо сӯистифода аз эҳсосоти динии мардум дубора даст ба хиёнаткориву ҷинояткорӣ заданд ва хостанд боз бо фитнаангезиву зӯрӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Онҳо бо гирифтани ҳазинаҳои зиёди молиявӣ аз доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои хориҷӣ моҳи сентябри соли гузашта хостанд, ки табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд. Хушбахтона онро сари вақт сохторҳои қудратии Тоҷикистон пешгирӣ карда, ғаразҳои худхоҳона ва тахрибкоронаи онҳоро саркӯб карданд ва иддае аз ин нобакоронро дастгир намуда, ҷазои сазовор доданд. Ҳоло ҳукми судие, ки нисбат ба ин ҷинояткорони хавфноки тахрибкор содир шудааст, боз ҳам кам аст. Лекин фарҳанги инсондӯстии роҳбарият ва мардуми тоҷик нагузошт, ки онҳо ба ҷазоҳои сангинтар ба маргу нобудӣ маҳкум гарданд. Дар ҳоле, ки тамоми режимҳои исломӣ ва диктотурӣ душманони сиёсии худро ба сангинтарин ҷазоҳо гирифтор мекунанд, аз ҷумла ба дор меовезанд ва ё сангсор мекунанд. Мисоли чунин ҷазодиҳиҳо дар тӯли таърих зиёданд. Масалан, қатлу кушторҳои Қутайба Ибни Муслим, Темури Ланг, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Ҷаллодони Бухорои амирӣ, куштани ваҳшатноки Фархунда дар Афғонистон, содир гардидани ҳукмҳои қатл дар Эрони исломӣ.
Мардуми тоҷик бояд дигар бетарафӣ накунад ва фиреби чунин идеологияҳои мардумхор ва зидди миллиро нахӯрад. Зеро мо ҳазорҳо чунин таҷрибаҳои талху нобудкунандаи миллатро дидем ва бештар дар баробари чунин истибдодҳо ба бетарафию таҳаммулпазирии золимон тоқат кардаем. Қаҳрамони воқеии халқи тоҷик С. Айнӣ чунин таҷрибаро дар асарҳои мондагор ва тақдирсози худ ба тасвир кашидааст ва чеҳраи хашин ва террористии исломи сиёсиро дар ибтидои асри 20 дар пусти худ ҳис кардааст ва дар баробари ин ҳама зулмҳои нобудкунанда муқовимат карда, тамоми ин таҷрибаҳои миллаткуши низоми амирӣ ва теократиро фош сохтааст.

Ҳоло замоне расидааст, ки ҷавонони тоҷик ва ҳамаи он касоне худро зиёӣ ва нисбат ба тақдири миллати худ бетараф намедоданд, бояд овоз баланд кунанд ва дар пойи ободӣ, озодӣ ва огоҳӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро мо миллати фарҳангофарем.

Бежани Комгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: