Зан-роҳбар21-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
«Бонувони тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва зебоиву муҳаббати худ нигини пурҷилои тоҷи миллати мо мебошанд» ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Рӯзҳои 15-16 июни соли 2016 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзуъи «Зан-роҳбар» бо ҷалби аъзоёни ҲХДТ, занони роҳбарикунанда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори семинар узви ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар дар мавзуъи «Сарварӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ», «Имиджи зан-роҳбар» ва узви ҲХДТ мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Маҳмадсабур Солеҳов дар мавзуъи «Сиёсати кадрӣ, мақсад ва вазифаҳо» ба иштирокдорон дарс гуфтанд. Дар охир иштирокдорон оиди баргузории семинар миннатдории хешро баён намуда, иброз намуданд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро мегузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.