Занони Кӯлоб тарғибгари сулҳу Ваҳдати миллӣ18-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар толори театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода бахшида ба 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занони ҳизбӣ таҳти унвони «Нақши занони даврони Истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул таассуроти худро зимни сафар ба ноҳияи Қубодиён ва иштирок дар ҳамоиши бонувони ҳизбӣ дар ин ноҳия баён намуда, қайд кард, ки барои мушаххас сохтани табодули таҷриба, ҳадафу нақша ва вазифаҳои худро вобаста ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ доир гардид, ки бевосита иштирок намудам. Имрӯзҳо дарк карда истодаам, ки воқеан, занони тоҷик аз хушбахттарин занони дунё мебошанд, ки аз баракати истиқлолият дар фазои сулҳу оромӣ ба тарбияи насли ояндасоз машғуланд. Ин ҳама дастовардҳои бузург, албата бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати мо занону модарон беназир аст. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки чунин ҳамоишро баргузор намояд. Дар баробари ин раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки санаҳои муҳими таърихӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолиятро сарбаландона пешвоз гирифта, мо занонро мебояд, ки барои мустаҳкамии пояҳои ин дастовардҳои беназир ҳамеша саҳмгузор бошем. Баъдан дар қисмати фаҳангии ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони театр суруду таронаҳо пешкаши аҳли толор гардонида шуд, ки ин ба ҳамоиш ҳусни дигар зам намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.