Гули садбарг дар беҳуш кардани хонандаҳо "гумонбар" шудааст17-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 27 май 11 хонандаи мактаби Сӯфиёни Ваҳдат беҳуш шуда, ба беморхона интиқол ёфтанд. Шоҳидон мегӯянд, ки ин ҳолат баъди бӯидани гули садбарги саҳни мактаб рух дод ва дар натиҷа таътил эълон шуд. Аммо пас аз чаҳор рӯзи истироҳат дари мактаб дубора боз шуда, аз ҷумла нуҳ хонандае, ки аз ҳуш рафта буданд, ба дарс омадаанд. Ду тан аз ин хонандагон ҳанӯз барои идомаи табобат дар бемористони рақами 4-и шаҳри Душанбе бистарианд.
Муқим Ҷумъаев, омӯзгори мактаби рақами 104-и деҳаи Сӯфиён мегӯяд, тамоми ҳодиса аз бӯидани гули садбарг оғоз ёфтааст. Ӯ бо ишора ба гулҳои садбарги даромадгоҳи мактаб гуфт, талабаҳо субҳи барвақт ин гулро бурида, бо худ ба синфхона даровардаанд ва баъди чанде аз ҳуш рафтаанд. "Аввал, як хонандаи синфи 10 баъди бӯидани гул дар рӯи миз хобаш бурдааст. Баъди ӯ боз як нафари дигар аз ҳуш рафтаст ва нафари дигар низ ба кӯмаки ин духтар омада, ӯ ҳам аз ҳуш рафтааст. Як талабаи дигарро 100 метр дуртар аз мактаб пайдо кардем," – нақл кард ӯ. "То ҳанӯз сабаби аслии беҳуш шудани талабаҳо аз бӯи гул муайян нашудааст ва додситонӣ инро бояд дақиқ кунад," – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон. Муфаттишони додситонии Ваҳдат баъд аз гирифтани баёноти талабаҳо чанд намунаи гули садбаргро бо худ бурдаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.