Қазияи "Ҳолӣ": 1 пулис барканор шуду се тан танбеҳ гирифтанд8-06-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Як корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои рафтори "дағалона" бо иштироккунандагони ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ" аз вазифа озод шудааст. Се нафари дигар ҳам танбеҳ гирифтаанд.
Сомонаи расмии ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 25 май бо нашри як иттилоия боздошти гуруҳи ҷавонон пас аз баргузории ҷашни "Ҳолӣ" дар Душанберо шарҳ дод. Дар ин иттилоия омадааст, гуруҳе аз ҷавонон (40-50 кас), ки миёнашон шумори зиёди ноболиғон ҳам буд, баъд аз баргузории иди ҳиндӣ бо рӯю мӯй ва либосҳои рангкарда ба хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Бухоро баромада, тартиботи ҷамъиятиро "дағалона" вайрон карданд. "Ин амали ҷавонон боиси ташвиши сокинон ва роҳгузарони Душанбе гардид. Баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон 48 каси шубҳанок, аз ҷумла 31 ноболиғ ва 17 ҷавон боздошт ва ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқол ёфтанд", -гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД. Бинобар иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо баъди тартиби ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва сӯҳбат бо падару модаронашон озод шудаанд. Сабти садое, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, гурӯҳе, ки эҳтимол меравад, корманди пулисанд, бо баъзе аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла духтарон бо лаҳни қабеҳ муносибат мекунанд. Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашни миллӣ-мазҳабӣ дар Ҳиндустон аст, ки ҳамасола моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин ид дар тамоми Ҳиндустон расман таътил эълон шудааст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол мешавад, ки як гурӯҳ ин ҷашнро пешвоз мегиранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.