Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Талаботи қонун зери назорат

Талаботи қонун зери назорат

26-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Талаботи қонун зери назорат
Мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар самти пешгирӣ ва огоҳкунии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон дар давраи 3 моҳи соли 2016 мавриди таҳлил қарор дод.

Мақсади Қонуни мазкур пеш аз ҳама пурзӯр намудани масъулияти падару модар, омӯзгор, дигар шахсони масъул дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд иборат буда, дар он омадааст, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа буда, дар навбати худ вазифаи падару модар, фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Баҳри таъмин намудани иҷрои талаботи ин Қонун прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута гурӯҳи корӣ ташкил намуда, дар марказҳои дилхушӣ, итернет-кафеҳо, масҷидҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ 203 амалиёт гузаронид.

Дар ин ҷараён 1348 нафар ноболиғ дастгир гардид, ки аз ин шумора 285 нафарашон дар марказҳои дилхушӣ қарор дошта, 180 нафар ба савдои кӯчагӣ, 157 нафар ба талбандагӣ, 21 нафар ба хондани намоз дар масҷидҳо, 162 нафар ба шустани автомашинаҳо ва ғайра машғул буданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам аз ҷониби баъзе падару модар, дигар шахсони ивазкунандаи онҳо ва омӯзгорон дар ин самт бемасъулиятӣ зоҳир мегардад. Талаботи Қонуни мазкур ба таври пурра риоя намегардад, ки ин беаҳамиятӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва хонандагон бурда мерасонад.

Дар давраи 3 моҳи соли 2016 барои риоя накардани талаботи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати 1539 (1433) нафар волидайн, қарорҳо оиди оғоз намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд.

Ҳамаи ин парвандаҳои маъмурӣ нисбати падару модарон ва омӯзгорон дар суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе моҳиятан баррасӣ шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон, ҷазои дар қонун пешбинишуда, татбиқ карда шудаанд.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки баъзе волидайн ба таълиму тарбияи ҳамарӯзаи фарзандони худ машғул нашуда, фаъолияти шабонарӯзии онҳоро зери назорати худ намегиранд, ки дар натиҷа онҳо даст ба содир намудани ҳар гуна кирдорҳои ношоиста мезананд.

Чунончӣ, Хоҷаев Н. уҳдадориҳои худро дар самти тарбия ва таъмин намудани раванди таълиму тарбия, рафтору кирдор ва давомоти писараш-хонандаи синфи 9 «д»-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе З. Хоҷаев Нозим талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро»-ро ба таври бояду шояд иҷро накардааст.

Омӯзиши журнали синфи 9 «д»-и мактаби мазкур муайян намуд, ки хонанда Хоҷаев Н. дар давраи соли хониши 2015-2016 аз 1 сентябр то 31 декабри соли 2015 бе сабаби узрнок 113 соат дар дарсҳо иштирок накарда, бо ин роҳ ӯ барномаи таълимиро аз худ накарда, ба оворагардӣ, ба корҳои берун аз дарс машғул шудааст, ки оқибат даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Ин ҳолатҳо ҳангоми санҷиш дар шахсияти дигар падару модарон Исмоилова З.И., Каримов Н.Л., Ҳамрохонов Ғ.А., Носирова Ҳ.С., Шарипова Ҷ.Р., Давлаҳмадова Х.Н., Даёнова С.Ҳ., Саидова Ч.С., Султонова З.М., С.М. Садиева ва дигарон ошкор карда шудаанд, ки нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, дар судҳо ҳамаи онҳо моҳиятан баррасӣ гардида, нисбати шаҳрвандони зикргардида ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамеша талаботи моддаҳои 12 ва 13-и Қонуни мазкур аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ риоя карда мешаванд. Бинобар ин, барои риоя накардани талаботи ин Қонун нисбати 9 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда, дар судҳои ноҳияҳои шаҳр ба онҳо ҷазоҳои маъмурии сазовор татбиқ шудааст.

Чунончи, Нуруллоев А.М. аз соли 2009 то инҷониб дар вазифаи муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият намуда, назоратро дар самти раванди таълиму тарбия вобаста ба давомоти хонандагони мактаб ба таҳсил ба таври лозима таъмин накардааст, ки дар натиҷа хонандагони синфҳои 9-11 Хоҷаев Д.-113 соат, Олимов Аслам-47 соат, Холиқова Дилшода- 112 соат, Файзигули Ширинбек - 144 соат, Аминов Оятулло-106 соат, Ҳафизов Абдуҳамин-139 соат бе сабаҳои узрнок ба дарсҳо иштирок накарда, дар натиҷа онҳо барномаи таълимиро аз худ накардаанд.

Дар ин маврид Нуруллоев А.М. уҳдадории худро оиди таълиму тарбияи хонандагон иҷро накарда, баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои онҳо ягон тадбир наандешидааст.

Ин қонуншиканиҳо ҳангоми санҷиш дар шахсияти дигар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур Баклабекова Н. М., Шӯришов Э. С., Холмирзоева Х. О., №24-и ноҳияи Фирдавсӣ Ашурова О. З., №61-и ноҳияи И. Сомонӣ Хайруллоева С. Ҳ., Расулова З. Б., гимназияи №53 Бурҳонова Ф.Ш. ва дигар омӯзгорон ошкор карда шудааст.

Аз ин рӯ, нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, дар суди ноҳияҳои шаҳр нисбати гунаҳгорон ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Дар ин давра ҳамчунин барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосии фарзандон, 2 парвандаи ҷиноятӣ, нисбати 2 волидайн бо модаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, нисбати гунаҳкорон ҷазоҳои пешбиникардашудаи қонун татбиқ шудааст.

Масалан, шаҳрванд Амонова Т. С. ва Назарова Н.С. уҳдадории худро вобаста ба таҳсили фарзандон дар мактаб иҷро накарда, баракс барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосии фарзанди ноболиғи худ Амонов Ҷ. Х., ки бояд таҳсилро дар синфи 7 давом медод, монеъгӣ намудааст.

Бинобар ин, нисбати Амонова Т. С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, ба он пешбурди тафтишоти пешакӣ таъмин гардида, ба ӯ ҷазои сазовор татбиқ шудааст.

Имрӯзҳо кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, яке аз самтҳои афзалиятноки кори хеш маҳсуб дониста, мунтазам мавриди назорат қарор хоҳад дод.
Гадозода М. Г., ёрдамчии калони прокурори ш. Душанбе мушовири адлияи дараҷаи дуюм
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: