Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мактабхонҳои Хоҷағалтон дубора беҳуш шуданд

Мактабхонҳои Хоҷағалтон дубора беҳуш шуданд

6-06-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Мактабхонҳои Хоҷағалтон дубора беҳуш шуданд
Наздики 20 хонандаи мактаби №3 деҳаи Хоҷағалтон ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дубора аз доруи зидди пашша (Нурел Д) заҳролуд гардиданд. Бинобар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ҳам беш аз 50 хонандаи ин мактаб аз доруи "Нурел Д" заҳролуд шуда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баъди дувум бор заҳролуд шудани хонандаҳо аз 1 июн дар мактаб 3 рӯз таътил эълон шуда, мактабиёни осебдида бистарӣ гардиданд.

Бар асоси иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар бунгоҳи тиббии Хоҷағалтон ситоди кӯмак ба хонандаҳои осебдида ва барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Мегӯянд, вазъи саломатии яке аз ин хонандаҳо вазнин буда, ба беморхонаи шаҳри Кулоб интиқол ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Муртазо Сараев, сокини Хоҷағалтон мегӯяд, "36 хонандае, ки ҳафтаи гузашта аз ҳуш рафта буданду дубора беҳуш шуданд барои ташхис ба бунгоҳи тиббӣ оварданд ва бархеи дигар дар беморхона бистарӣ гаштанд".

Ба гуфтаи сокинони Хоҷағалтон, ҳарчанд аз осебдидаҳо барои ташхис хун гирифта шудааст, аммо то ҳол сабаби аслии ин заҳролудшавиро муайян накардаанд.

Сараев гуфт, духтурон заҳролудшавии хонандаҳоро ба доруе рабт медиҳанд, ки ба гирду атроф ва дохили мактаб зидди пашша пошида шудааст. Аммо мегӯяд, ин гуна пашша дар деҳа ва ноҳияи онҳо, ки бодуҳавои сард дорад, нест. "Аз ин рӯ, метавон хулоса кардан, ки хонандаҳо аз доруи дигари химикӣ заҳролуд шудаанд", - афзуд вай.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: