Ҳамлаи ҷангҷӯёни ДИ ба минтақаҳои марзии Сурия16-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар шимоли Сурия ба шаҳрҳое ҳамла менамоянд, ки зери идораи нерӯҳои мухолифони муътадиланд.
Бинобар иттилои Маркази мониторинги нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурия, ду рӯз пеш ҷангиёни ДИ ҳамла ба шаҳрҳои Мареа ва Аъзаз, ҳаммарз бо Туркияро оғоз кардаанд. Рӯзи якшанбе даргириҳо дар канори Мареа ва ду деҳаи Аъзаз идома ёфта, аз Мареа ва ҳудуди он беш аз 6 ҳазор сокини осоишта хонаҳояшонро тарк кардаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдаконанд. Сокинон ба шимоли вилояти Ҳалаб, ки дар идораи "Нерӯҳои демократии Сурия" аст, паноҳ бурдаанд. Бар асоси иттилои созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, дар пайи ҳамлаи ДИ аз атрофи шаҳри Аъзаз дар умум 165 ҳазор сокин хонаҳояшонро тарк кардаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.