СММ ба нишонаҳои густариши нуфузи ДИ ишора мекунад6-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мегӯяд, фаъолияти гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" вориди марҳилаи нав шуда, эҳтимол дорад он ба ҳудудҳои берун аз зери назораташ дар Сурия ва Ироқ ҳамла кунад.
Ба иттилои СММ, шаш моҳи охир дар ҳамлаҳои созмондодаи ДИ ва ё ҷангҷӯёни марбути ин гуруҳ дар 11 кишвар бештар аз 500 одам кушта шудаанд, ки миёнашон сокинони осоишта низ ҳастанд. Дар гузорише, ки Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 2 июн нашр кард, омадааст, шумори ҷангҷӯёни хориҷие, ки аз Сурия ва Ироқ бармегарданд, дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамлаҳои ноябрии Порис ва моҳи марти Брюссел нишон медиҳанд, ки ДИ "қодир аст силсилаи ҳамлаҳои душворро амалӣ кунад". Ин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни хориҷие, ки Сурия баргаштаанд бо роҳнамоии сардорони ДИ анҷом медиҳанд, омадааст дар гузориш. Садҳо ҷангҷӯи хориҷӣ "ба Либия" паноҳ бурда, қисми дигари ҷангҷӯён, ки ба кишварҳои худ баргаштаанд, талош доранд дар доираи стратегияи ҳузури фарогири ДИ иртиботи нав пайдо кунанд, гуфта шудааст дар гузориш. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.