Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Stratfor: дар ҳамлае дар Сурия таҷҳизоти низомии Русия нобуд шудааст

Stratfor: дар ҳамлае дар Сурия таҷҳизоти низомии Русия нобуд шудааст

30-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Stratfor: дар ҳамлае дар Сурия таҷҳизоти низомии Русия нобуд шудаастТибқи иттилои оҷонсии хусусии иктишофии амрикоии Stratfor, аксҳои моҳвораӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамлаи тӯпхонаӣ пойгоҳи низомии Русия дар Сурия "зарари ҷиддӣ" дидааст.

Ин созмон хабар медиҳад, ки ҳангоми ҳамлаи охир дар наздикиҳои шаҳри Полмиро чаҳор чархболи русии "Ми-24" маҳв шудааст.

Аксҳо имкон медиҳанд, то "бо дилпурӣ хулоса кард", ки наздики "20 таҷҳизот" маҳв шудааст. 14 май гуруҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба зима гирифта, гуфта буд, дар натиҷаи ҳамла 4 чархбол ва 20 мошини ҳомили аслиҳа нобуд карда шудааст.

Тавре Stratfor хабар медиҳад, ҳаҷми зарар далолат бар "таҳдиди мудовим"-и Москва мекунад. Шуруъ аз ибтидои амалиёти низомӣ дар Сурия, Русия - муттаҳиди асосии президент Башор Асад, ҳамеша таҳдид мешунид. Вазорати мудофиаи Русия хабари ҳамла ба пойгоҳро рад карда, онро "таблиғоти ДИ" номид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: