Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Лахш дар «Боғи Ирам»15-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Аҳли фарҳангу ҳунари ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 25-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе барномаи рангинеро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Тавре Насиба Ғафурова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ба мо иттилоъ дод. Ин чорабинии фарҳангиву фароғатӣ рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ дар «Боғи Ирам» баргузор мегардад ва дар назар аст, ки дар ин рӯз ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастии бонувон, маҳсултҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шавад. Мавсуф инчунин мегӯяд, дар рӯзи баргузории чорабинии мазкур, анъанаҳои ду миллати ба ҳам дӯсту тифоқ тоҷткону қирғизҳо намоиш дода хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки дар баргузории рӯзҳои фарҳангии ноҳияи мазкур дар шаҳри Душанбе аъзоёни КИ ҲХДТ, роҳбарони ташкилтҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбӣ ширкат менамоянд. И. Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.