Мусобикаи кушоди футбол барои Ҷоми КИ ҲХДТ15-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 460 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақши чорбиниҳои бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамдастии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди футбол барои ба даст овардани Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид, ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.
Дар расми ифтитоҳи он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров, муовини раиси намояндагии ФФТ дар ноҳия Сафармаҳмад Иноятов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Саидҷаъфар Азизов ва роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муродулло Почоев иштироку суханронӣ карда, таъсиси Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро иқдоми хубу саривақтӣ донистанд. Чуноне ки муовини раиси намояндагии ФФТ Сафармаҳмад Иноятов изҳор дошт, дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ роҳандозии ин иқдоми варзишӣ метавонад ҷаҳиши куллиеро дар футболи ноҳия ба амал оварад. Сипас тибқи қуръапартоӣ мусобиқа шуруъ гардида, дар байни 4 даста – коллеҷҳои омӯзгорӣ, кишоварзӣ, тиббӣ ва литсеи касбии саноати кишоварзии ноҳия хеле шавқовар ҷараён гирифт. Дар қисми финалии мусобиқа, ки байни дастаҳои коллеҷи кишоварзӣ ва литсеи касбии саноати кишоварзӣ баргузор шуд, донишҷӯёни коллеҷ маҳорати хуб дода, дастаи литсеро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Дар натиҷа дастаи коллеҷи кишоварзӣ соҳиби Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва Диплому туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» гардид. Дигар дастаҳо низ вобаста ба мавқеи ишғолкардаашон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар охири мусобиқа пешниҳод шуд, ки минбаъд ҳар сол 4-уми июн мусобиқаи футбол барои Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардида, аз дигар шаҳру навоҳии вилоят низ дастаҳо даъват карда шаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.