Ду аксияи огоҳкунандаи таърих15-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
![]() Рӯзи 9 июни соли равон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо ҷалби китобхонаҳою клубҳои деҳот, дар мавзуъҳои тарбияи насли наврас, эҳтироми падару модар, аҳамияти хондани китобҳои бадеӣ, чорабинии хотирмон омода намуда, пешкаши тамошобинон гардониданд. Дар ин чорабинӣ клубҳои маҳаллаи Энергетик, Чашма, Тутқавул, Дӯстӣ бештар намоишҳои тарбиявиро ба роҳ монданд. Аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» порчаҳои шеърӣ аз достонҳои безаволи китоби «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва порчаҳои насрӣ, ки ҷиҳати баланди ифтихори миллӣ доштанд аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуданд. ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.