Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти озмун дар н.Деваштич

Ҷамъбасти озмун дар н.Деваштич

15-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти озмун дар н.ДеваштичТибқи дастуру нишондодҳо ва Фармони Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич озмуни «Маҳаллаи обод» ва «Оилаи намунавӣ» ҷамъбаст гардид.

Боиси тазаккур аст, ки тамоми сокинони ноҳия чунин иқдоми наҷиб ва шоистаи Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, баҳри иҷрои он ҳамаҷониба омодагӣ диданд. Бахусус дар хотимаи тантанавии ҷамъбасти озмун аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки чунин як чорабинии умумиҷумҳуриявӣ амсоле дар дигар кишварҳо надорад ва он таконе гардид, ки узви ҳар як ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолу рӯй ба рушди устувор нигаронда, баҳри ободию шукуфоии маҳаллаву диёри хеш камари ҳиммат бандад. Ҳар як узви оилаи иштирокчии озмун кӯшиш ба харҷ дод, ки бо истифода аз тамоми урфу анъанаҳои беназири миллӣ, бо роҳандозии тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ дар озмуни мазкур сарбаландона ширкат варзида, намунаи ибрат барои дигарон бошад. Зеро дар урфият мегӯянд, ки «ангур аз ангур гирад ранг».
Ҷамъбасти озмун дар н.Деваштич
Дар чорабинии ҷамъбастии озмун маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ҳамчун «Маҳаллаи обод» баҳогузорӣ гардид. Инчунин дар фароварди чорабинии мазкур дар муассисаи томактабии №3, ки дар маҳаллаи Гулбоғ ҷойгир аст, маросими ифтитоҳи толори баргузории чорабиниҳо баргузор гардид, ки боз як дастоварди тарбиятгирандагон ва сокинони маҳалла буда, бо барномаи рангини фарҳангию адабии аз ҷониби кӯдакон омодашуда ҳусни анҷом ёфт.
Ҷамъбасти озмун дар н.Деваштич
Бобати ғолибият дар озмуни «Оилаи намунавӣ» оилаи Нуруллоев Фаррух Муҳидуллоевич сарбаландиро ба даст оварда, шарафи яке аз хонаводаҳои беҳтарину номиро дар ноҳия ҳимоят намуд. Мавриди зикр аст, ки хонаводаи Нуруллоевҳо ва Махкамовҳо дар маркази ноҳия ва ҳатто дар миқёси он номи некро соҳиб буда, аъзои ин хонавода шахсоне мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз худ асари самарабахшу манфиатовар барои давлату ҷамъият гузоштаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: